Санаи 8 июли соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти раёсати Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек маҷлиси фаъолони ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2026 ва вазифагузориҳо бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намудани нуҳмоҳаи соли 2026 доир гардид.
Дар маҷлиси фаъолон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин ширкат варзиданд.
Ҳамзамон, дар маҷлиси фаъолон, муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва дигар шахсоне, ки ба масъалаи рӯзномаи маҷлис дахл доштанд, иштирок намуданд.
Нахуст, муовини якуми Раиси ноҳия Акрамзода Баҳодур «Оид ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар нимсолаи аввали соли 2026» ҳисобот дод.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов фаъолияти худро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, ҳамзамон оид ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ривоҷу равнақ додани корҳои ободонию созандагӣ ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардум равона намуда, дар ин самт корҳои назаррасро ба анҷом расонд.
Баъдан, аз ҷониби Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек бо роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ташкилоту муассисаҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия пурсишҳо ба амал оварда шуд.
Дар идома, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин зимни суханронӣ натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро қаноатбахш арзёбӣ карда, барои афзун намудани дастовардҳо, бунёди корхонаҳои нав, ташкили ҷойҳои корӣ, ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёт, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, истифодаи оқилонаи қувваи барқ, бунёди гармхонаву сардхонаҳо, омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамгардонӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ба масъулин дастуру супоришҳо ва тавсияҳои муфид доданд.
Сипас, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек суханронӣ намуда, ба роҳбарону фаъолони ноҳия ҷиҳати иҷрои босифати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода вобаста ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои соҳаҳои мухталифи ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бо ҳамин, маҷлиси фаъолони ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2026 ва бо вазифагузориҳои Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек барои нуҳмоҳаи соли 2026 ҷамъбаст гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳар як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар якҷоягӣ бо Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек баҳри рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳия инчунин ислоҳи камбудиҳо баҳри иҷрои вазифаҳои додашуда кӯшиш намуда, баҳри сазовори истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназири худро мегузоранд.




