Санаи 14 январи соли 2026 дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Султонзода Бахтиёр маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид.
Ҳамзамон дар маҷлис, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, аъзоёни фаъоли кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб вакилони халқи ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва собиқадорони ҳизбу меҳнати ноҳия иштирок намуданд.
Дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
1. Гузориши раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;
2. Гузориши роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба фаъолият дар соли 2025 ва тасдиқи нақшаи кории гурӯҳи вакилии ҳизбӣ барои соли 2026;
3. Тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроия барои нимсолаи якуми соли 2026;
4. Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 16 декабри соли 2025;
5. Тасдиқи нақша – чорабиниҳо доир ба роҳандозии корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳия барои соли ҷорӣ дар доираи эълон гардидани соли 2026 – соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ;
6. Баррасӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба қабул басафи ҳизб;Вобаста ба масъалаи якум, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Султонзода Бахтиёр баромад намуда, доир ба натиҷаҳои фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар соли 2025 ҳисобот дод.
Зикр гардид, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва сохторҳои ҳизб дар ноҳия дар пешрафти ҳаёти сиёсии ҷомеа саҳми сазовор гузошта, баҳри мустаҳкам намудани эътибори шоистаи ҲХДТ ҳамарӯза талош варзиданд.Сипас, бо овоздиҳии кушод нақшаи кории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои нимсолаи якуми соли 2026 тасдиқ карда шуд.
Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома оид ба фаъолияти гуруҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар соли 2025 раиси гуруҳи вакилии ҳизбӣ Сатторов Ойбек баромад кард.
Дар кори маҷлис, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек аз ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов давоми соли 2025 натиҷагирӣ карда, ба роҳбарият ва кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, инчунин раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолият, вусъатбахшии корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ миёни ҷавонону наврасон ва дар замири онҳо бедор кардани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ ва нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои фаъолияти минбаъда вазифаҳоро муайян карданд ва доир ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа сухан намуданд.
Ҳар як аъзои ҳизб бо дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати дурбинона ва созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти шиори “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!” талош варзад – иброз намуданд Раиси ноҳия.
Дар идома, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода ва муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов нақши аъзои ҲХДТ дар ташкилу баргузории он баромад намуда, иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлол маҳсуб ёфта, рисолат ва масъулияти гарони сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, созандагиву ободкориро бар дӯш дорад.
Воқеан ҳам Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти худ тавонист, ки ҷомеаи Тоҷикистонро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намуда, баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум иқдомоти наҷибу шоистаеро рӯйи кор оварад. Ҳамаи он масъалаҳое, ки дар рӯзномаи маҷлис ҷой дошт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар фарҷом, ба аъзоёни нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, якчанд фаъолони аъзои ҳизб барои саҳми арзанда дар тарғибу ташвиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа, таҳкими ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қадршиносӣ гардидаанд.
Бо ҳамин, маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба анҷом расид.
Ҳамзамон, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода дар назди ҳавлии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.





