Санаи 29-уми июли соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Султонзода Бахтиёр Султон Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баррасии масъалаҳои зерин ба миён гузошта шуданд:
1. Ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2025 дар самти амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми ҳизб, татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб барои солҳои 2025-2030, иҷрои қарорҳои Конференсияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ;
2. Тасдиқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеъи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ 17.07.2025
3. Тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроия барои нимсолаи дуюми соли 2025;
4. Қабули муроҷиатномаи ҳизбиёни вилояти Суғд дар дастгирӣ намудан тариқи дастаҷаъмона сохта ба истифода донани бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд.
5.Баррасӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабули аъзои ҳизб
Ҷиҳати баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ахбороти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилотҳои ҳизб дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Султонзода Бахтиёр Султон ба музокира баромада қайд гардид, ки давоми нимсолаи якуми соли 2025 ҳизбиёни ноҳияи Ҷаббор Расулов фаъолияти хешро дар асоси Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, ки ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо муҳимтарин самтҳои рушди Тоҷикистонро барои солҳои 2025 – 2030 пешбинӣ менамояд, инчунин дар асоси қарорҳои Анҷумани XV ҲХДТ ва дастуру супоришҳои сохторҳои болоии ҳизб, таҳти шиори “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон” ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини рушди устувор ва пешрафти мамлакат, муҳайё сохтани сатҳу сифати арзандаи зиндагии халқ, инчунин баҳри беҳтар гардонидани ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва ободиву шукуфоии пойтахт нақши арзандаи худро гузоштанд.
Дар қисмати музокира оид ба баррасии фаъолияти Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов Болтабоева Гулчеҳра ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Абдуқаюмов Отаҷон баромад намуда, баҳри боз ҳам вусъат бахшидани фаъолияти Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия пешниҳодҳои муфид иброз намуданд.
Зимни маҷлис Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек баромад намуда, иброз дошт, ки дар пеш ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истодааст. Бояд тибқи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагиро ба ин ҷашни бузурги миллат аз хонаю дари худ оғоз намуда, ин санаи таърихиро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирем.
Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Салимзода Ҷаҳонгир Салим фаъолияти кумиҷроияро дар давраи ҳисоботӣ мавриди таҳлил қарор дода, баён дошт, ки дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо бояд боз ҳам бештар ба сафи ҳизб ҷавонону занонро ҷалб намонем.
Ҳамзамон таъкид намуд, ки Пешвои миллат дар маҷлиси васеи кумитаи иҷроияи марказӣ таъкид намуданд, ки ҳизб бояд ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи сиёсати созандаи давлатӣ бо таваҷҷӯҳи бештар ба ҳимояи манфиатҳои ҷавонон ва занон фаъолият намояд, зеро онҳо ояндаи давлат ҳастанд, Тоҷикистон бо нерӯи зеҳнии онҳо мустаҳкам мегардад.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки ҷалби фаъоли ин қишрҳо ба ҳизб на танҳо барои пурзӯр намудани қудрати сиёсии он, балки барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлат ва ҷомеа хеле муҳим аст.
Сипас аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеъи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ 17.07.2025, тасдиқ гардид.
Аз рӯйи масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис лоиҳаи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои нимсолаи дуюми соли 2025 барои тасдиқ ба муҳокимаи аъзои Кумита пешниҳод гардида, вобаста ба он қарори дахлдор қабул гардид.
Вобаста ба масъалаи чоруми рӯзнома оид ба муроҷиатномаи ҳизбиён раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳизбиёни ноҳияи Ҷаббор Расулов ин иқдоми некро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.
Ҳамзамон таъкид намуданд, ки дар татбиқи нақшаву барномаҳои ҳизб саҳмгузорӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи сифати зиндагии сокинон ташаббускорию пешоҳангиро таҳким бахшида, барои расидан ба зиндагии пурсаодати халқамон саъю талош намоем. Масъалаҳое, ки дар рӯзномаи маҷлис баррасӣ гардид, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.















