Санаи 2 марти соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода маҷлиси машваратӣ таҳти раёсати Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулони соҳаи маориф, соҳаи тандурустӣ, идораи давлатии хоҷагии оби ноҳия, ҳифзи муҳити зист, масъулони кумитаи идораи замини ноҳия ва КФД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳия ва сохторҳои соҳавии марбута, ташкилоту корхонаҳо ва шахсони дахлдор ширкат варзиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳо ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар барои густариш бахшидани раванди омодагӣ ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ, татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери назорат гирифтани раванди таълиму тарбияи насли наврас, баррасии саривақтии арзу шикоятҳои мардум, дастгирии соҳибкорӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва бештар намудани ҳаҷми содироти онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ин замина, Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек вобаста ба соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ривоҷ додани бахши пахтакорӣ, омода намудани заминҳои корам ба мавсими кишти баҳорӣ, оқилонаю самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин, ривоҷи боғдорӣ, фаъолияти гармхонаҳо, афзун намудани тухм ва гӯшти паранда дар фабрикаҳои парандапарварии ноҳия, ташкили ҳавзҳои моҳипарварӣ ва зиёд намудани заминҳои кишти зироатҳо ба Раёсати кишоварзии ноҳия ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дастуру супоришхои қатъӣ доданд.
Дар рафти маҷлис сарпарастон ва масъулони соҳа аз супоришҳои протоколии қаблӣ гузориш доданд.
Аз рафти корбарӣ ва натиҷаҳо Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек аз масъулон пурсишҳо ба амал оварданд.
Дар ҷаласа, ҳамчунин Раиси ноҳия масъалаи ташкили корхонаҳои хурду миёна, дастгирии соҳибкорон барои бунёди корхонаи истеҳсолӣ, тозагии ҳифзи муҳити зист, тақвияти кабудизоркунӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маркази ноҳияро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ба масъулин муҳлат доданд, ки доир ба масъалаҳои зикршуда тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустии ноҳия низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҳбарони онҳо вазифадор карда шуданд, ки мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созанд.
Раиси ноҳия зимни таҳлили бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дастур доданд, ки корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷудошавии оилаҳо, пешгирии хушунатҳои оилавӣ, инчунин риояи талаботи қонуни танзими ҷашну маросим ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа ҷоннок карда шаванд.
Вобаста ба масъалаи қонуншиканиҳо дар самти иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, муроҷиатҳои шаҳрвандону муросилоти мактубҳо, таъмини талаботи кодекси замин, риоя қоидаҳои истифодаи замин масъулин вазифадор шуданд, ки ҷиҳати саривақт бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда чораҳои фаврӣ андешанд.
Дар фарҷом, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек оид ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон роҳнамо ва боиси зиндагии осоишта, оғози инкишофи тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ мебошад, суханронӣ намуданд.
Таъкид карданд, ки ҳамаи он нуқтаҳое, ки дар Паёми имсола аз ҷониби Пешвои муаззами миллат баён гардид, барои боз ҳам беҳтару шоиста намудани зиндагии мардуми Тоҷикистон бахшида шуда, бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки саъю кӯшиши роҳбари давлат баҳри таъмини зиндагии шоиста ва некӯаҳволии мардум буда, ба халқ содиқона хизмат кардан аст.






