БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДАР МАШВАРАТИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ

image_pdfimage_print

Санаи 19 январи соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов машварати кории назди Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек доир гардид.

Дар маҷлиси машваратӣ муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсоне, ки ба масъалаҳои маҷлис дахлдор ширкат доштанд.

Дар маҷлиси машваратии назди Раиси ноҳия масъалаҳои вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашнҳои 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳмгузории соҳибкорон дар корҳои бунёдкорӣ, инчунин масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд:

1. Рафти корҳои саҳроӣ, шудгоркунӣ, яхобмонӣ ва омодагӣ ба кишту кори зироатҳои кишоварзӣ хусусан пахта;

2. Рафти корҳои сохтмони синфхонаҳои таълимии иловагӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия;

3. Ҷиҳати бартараф намудани қарзи пардохти андози давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия.

Дар оғози машварат Раиси ноҳия ба ҷараёни корҳои созандагӣ дар ноҳия таваҷҷуҳ намуда, таъкид карданд, ки татбиқи нақшаҳои ободонӣ бояд бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ, дар муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд анҷом дода шавад.

Зикр гардид, ки айни ҳол дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншоотҳои ҷашнӣ бунёд шуда истодаанд, ки тибқи нақша дар соли 2026 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.Раиси ноҳия бо такя ба дастуру вазифагузориҳои раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки ҷиҳати анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ, назорати доимӣ ва таъмини иҷрои онҳо дар муҳлат тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамзамон, зимни машварат нишондиҳандаҳои соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ дар соли 2025 таҳлил гардида, ба масъулин вазифа гузошта шуд, ки дар соли 2026 ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, афзоиши ҳаҷми маҳсулот ва тақвияти иқтидори иқтисодии ноҳия чораҳои мушаххас роҳандозӣ намоянд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома муовини якуми Раиси ноҳия Баҳодур Акрамзода ва аз рӯи масъалаи дуюм муовини Раиси ноҳия Зумрад Муталибзода суханронӣ намуданд.

Дар идома Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оид ба масъалаҳои омодагии иншооти обрасонӣ ба мавсими нави обёрӣ, вусъати корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ, омодасозии заминҳо ба маъракаи кишти баҳорӣ, фаъолияти корхонаҳои парандапарварӣ, инчунин ҷараёни омӯзишӣ пеш аз муҳлати ҷавонон барои хизмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Дар фарҷом роҳбари ноҳия ба масъулин супориш доданд, ки иҷрои вазифаҳои гузошташударо таҳти назорати қатъӣ гирифта, бо ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳо корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, барои расидан ба ҳадафҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия тадбирҳои амалӣ андешанд.

Ҳамзамон, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ибрози андеша намуда, таъкид гардид, ки бояд ҳар яки мо барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуби халалдоркунандаи авзои ҷомеа, пешгирии ҳолатҳои терроризму ифротгароӣ ва ҷиноятсодиршавӣ саҳмгузорӣ намуда, барои расидан ба нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ ободу зебо кардани маҳаллу ҷойи зист ва ҳар канори ноҳия сарҷамъ бошем ва ҷаҳду талош намоем ҳамчунин дар таҳкими сулҳу субот, оромии кишвар ва сазовор истиқбол намудани 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намоем.

Бо қабул кардани қарорҳои дахлдор машварати кории назди Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷамъбаст гардид.