Дар пайравӣ аз сиёсати инсондӯстона ва ташаббусҳои хирадмандонаву хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов тарбирҳои зарурӣ мунтазам андешида мешаванд.
Бо чунин ҳошия, санаи 26 декабри соли 2024 Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муҳтарам Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин – сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба муносибати соли нав ба дидбонгоҳи сарҳадии №0214 Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар деҳаи Маданияти Ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳия ташриф оварданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек сарбозон ва афсаронро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2025 табрик намуда, иброз доштанд, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ қудратманд гардида, ба нерӯи бузург ва такягоҳи ҷомеа мубаддал шудааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои низомии мамлакат шароити хуби хизматӣ фароҳам оварда шуда, дар оянда низ ҷиҳати беҳтар намудани шароит ва такмили пояҳои моддиву техникии қисмҳои низомӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
Ҳамчунин, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муҳтарам Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин – сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сарбозонро ба муносибаи Иди Соли нав табрик намуд ва ба ҳозирин табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро расонид.
Сипас, барои афсарону сарбозон дастархони идонаи солинавӣ ороста шуд.