БОЗДИД АЗ ФАЪОЛИЯТИ ГАРМХОНА ВА ҲАВЗҲОИ МОҲИПАРВАРИИ ҶДММ “ХАЙРИ САФО” ВОҚЕЪ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲМОЙИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

image_pdfimage_print

Санаи 8 апрели соли 2025 зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳи Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек аз фаъолияти гармхона ва ҳавзҳои моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хайри сафо” воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой боздид намуданд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва дар ин замина таъмини фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулотҳои кишоварзӣ ва боло бардоштани иқтидори содиротӣ амалӣ гардонида мешаванд.
Майдони гармхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хайри сафо” зиёда аз 1,95 гектар мебошад. Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносои ба кишоварзон ва масъулон дастуру супоришҳо оид ба зиёд намудани истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ, самараноку оқилона истифодабарии ҳар порча замин ва гирифтаи се чор ҳосил дастуру супоришҳои мушаххас доданд.