Боздид аз фаъолияти марказҳои логистикии содироти пиёз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти марказҳои логистикии содироти пиёз боздид намуд.Яке аз маҳсулоти содиротии кишвар дар моҳи май ин содироти пиёзи баҳорӣ ба хориҷа мебошад. Бо ин мақсад дар ноҳияи Ҷаббор Расулов марказҳои логистикии содироти пиёз амал менамояд. Тибқи дастуру супоришхои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди содирот намудани маҳсулоти кишоварзи ба кишварҳои дуру наздик дар мамлакат тамоми шароитҳо барои соҳибкорон муҳайё гардидааст. Зимни боздид ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода малумот дода шуд, ки пиёз ҳоло аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ба марказҳои логистикӣ ворид карда шуда асосан ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон содирот карда мешавад. Дар ин марказхо зиёда аз 500 нафар занҳо, сокинони маҳалли бо ҷои кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин карда шудааст. Ҳамаруза то 1200 тонна пиёз тариқи 20 қатора аз се маркази логистикии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба хориҷа содирот карда мешавад. Аз даҳрузаи аввали моҳи июн содироти ҳосили пиёзи барвақтии кишоварзони вилояти Суғд оғоз мегардад. Раиси вилоят ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ, ки маҳсулоти деҳқононро ба хориҷа содирот менамоянд баҳои баланд дод. Зеро содирот ин манбъаи даромади асъори хориҷӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар кишвар мебошад. Соли ҷорӣ аз вилояти Суғд содироти меваи зардолу ва гелос низ ба роҳ монда шуда, дар хориҷа ба меваҳои шаҳдбор ва сабзавоти Тоҷикистон талабот зиёд арзёбӣ гардид.


