Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба масъалаи азхудкунии заминҳои бекорхобида ва ташкили боғҳои нав таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.Дар ин раванд санаи 26 феврали соли 2024 муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо бо ҳамрои иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ва роҳбарони дахлдор аз рафти кор дар минтақаи Рухак, ки дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷойгир аст, боздид намуданд.
Зариф Мирдадо муовини Раиси вилояти Суғд зимни шиносои таъкид намуд, ки азхудкунии заминҳои бекорхобида талаботи рӯз мебошад, барои самаранок истифода бурдани заминҳои бекорхобидаи минтақаи Рухак тавсияҳо дод. Ҳамзамон ба масъулин дастур дода шуд, ки барои обёрии мавзеи Рухак пойгоҳҳои обкаширо таъмиру таҷдид намуда, бо ин роҳ истифодаи самараноки заминро таъмин намоянд.Истифодаи самараноки замин имкон медиҳад, ки сокинон бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин ва ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шавад.






