БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ПАРРАНДАПАРВАРИИ ҶДММ “АНКО-ИНВЕСТ” (ФАРОВОН)
Баҳри дар амал тадбиқ намудани Дастуру Супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ва иҷрои яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавории мамлакат санаи 8 апрели соли 2025 дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳи Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек аз рафти корҳои сохтмонӣ дар коргоҳи паррандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Анко-Инвест” (Фаровон) дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони коргоҳи парранпарвари ҶДММ “Анко -Инвест” (Фаровон) моҳи феврали соли 2024 аз ҷониби соҳибкор Самандаров Исроилхӯҷа оғоз гардида, масоҳати он 3 гектарро дар бар мегирад. Фаъолияти асосии коргоҳ истеҳсоли гӯшти мурғ мебошад.
Саҳибкор тасмим гирфтааст, ки то моҳи июли соли 2025 корҳои сохтмониро пурра ба анҷом расонад ва коргоҳи мазкурро ба истифода супорад. Коргоҳи парранпарварии ҶДММ “Анко -Инвест” (Фаровон) дорои таҷҳизотҳои муосир буда, дар давоми 2 моҳ 150 ҳазор сар мурғро парвариш намуда, барои гӯшт омода мекунад.
Коргоҳи мазкур аз як ошёна иборат буда, барои кормандон дорои 40 ҷойи нишаст ошхона ва ду ҳуҷра барои либосивазкунии кормандон ҳамчунин хобгоҳ бо 20 ҷойи хоб барои 10 нафар занҳо ва 10 нафар мардҳо сохта ба истифода дода мешавад.
Баъди ба истифода дода шудани коргоҳи мазкур, зиёда 60 нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Масъулони коргоҳ фаъол кардани чунин иқтидори саноатӣ ва дигар корхонаҳои истеҳсолиро ба равнақи бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд, ки аз дастгириҳои доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.



