Санаи 26 декабри соли 2024 баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек бо намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муҳтарам Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин – сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба муносибати соли нави милодии 2025 нисбат ба ғамхорӣ фаро гирифтани сарбозони Баталёни 1-уми зудамали Қисми ҳарбии 051056 Гвардияи милии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой ташриф оварда, бо шароити зисту зиндагии хизматчиёни шуҷои ватан аз наздик шинос шуда, бо сарбозону афсарон мулоқоти озоду самимӣ доир намуда, онҳоро бо фарорасии соли нави мелодии соли 2025 табрику таҳният ва шодбош гуфтанд.
Раиси ноҳия таъкид намуданд, ки ҳифзи марзу бум, ҳимояи Ватан ва пос доштани сулҳу субот, ваҳдату ягонагии миллат қарзи шаҳрвандии ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Ҳамчунин дар заминаи сиёсати ватанпарварона ва ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити буду боши хизматчиёни ҳарбӣ беҳтару хубтар гардида, баҳри таъмини зиндагии шоистаи онҳо тамоми тадбирҳои судбахш роҳандозӣ карда мешавад.
Ҳамзамон қайд гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қодиранд, ки дастоварду манфиатҳои давлати тозаистиқлол, сохти конститутсионӣ ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя ва таъмин намоянд. Артиши миллӣ дар ҳама давру замон барои ҳар як давлати соҳибистиқлол кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардумони он сарзамин эътироф шудааст.Ҳамчунин бахшида ба фарорасии Соли нав аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои ошхонаи қисми ҳарбии дастурхони идона ороста карда шуда пешкаши сарбозону афсарон гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов минбаъд низ чунин иқдомҳои хайрхоҳонаро, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мебошад, мунтазам роҳандозӣ менамояд.