Санаи 6 феврали соли 2025 зимни сафари корӣ Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек дар Ҷамоати деҳоти Гулхона аз фаъолияти кохи варзишии “Ланглиф” дидан намуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар кохи варзишии “Ланглиф” зиёда аз 400 нафар ҷавонону наврасон бо тамрину машқи паҳлавони машғул буда, барои омода намудаи варзишгарони сатҳи байналмилалии гӯштин саҳмгузор мебошанд.
Усто Устопиров мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳамасола дар ҳар иду ҷашнҳо дар байни муассисаҳои омӯзиши мусобиқаҳои гӯштин доир мегардад ва ғолибони даври ниҳоии ин мусобиқа дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ нерӯсанҷӣ карда шуда, бо медалҳо ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қадрдонӣ карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки шогирдони кохи варзишии “Ланглиф” ба мисли Комроншоҳи Устопириён, Ҳамроз Раҷабов, Дониёр Ҳусейнов, Саиднабӣ Камолов ва дигарон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ширкат варзида шарафи Тоҷикистонро ҳимоя ва ҷойҳои намунавиро ишғол намудаанд.
