БОЗДИДИ РАИСИ НОҲИЯ АЗ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ ҲУНАРОМӮЗИИ «ПАРИНОЗ»

image_pdfimage_print

Ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва касбомӯзӣ аз масъалаҳои муҳимест, ки дар сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи хоса дорад.Дар ҳамин замина тибқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва дастурҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Тоҷикободи Ҷамоати деҳоти Гулхона барои касбомӯзии нафарони бекасб, хоса бонувону ҷавонон, калонсолон ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.
Санаи 6 феврали соли 2025 зимни сафари корӣ Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек аз фаъолияти маркази ҳунаромӯзии «Париноз» воқеъ дар деҳаи Тоҷикободи Ҷамоати деҳоти Гулхона дидан намуданд.Дар ин марказ беҳтарин ҳунармандони деҳа гирд омада, барои эҳё намудани либос, гулдӯзӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои мардумӣ фаъолият намуда истодаанд.
Барои эҳё намудан ва омӯзонидани касби ҳунарҳои мардумӣ дастгоҳҳои адрасу атласбофӣ, қолинбофӣ, мошинаҳои дарзӣ ташкил карда шудааст. Роҳбарии ин марказро модари мушфиқ, ҳунарманд Эмомова Ҳидоятпоччо ба ӯҳда дошта зиёда аз 15 нафар занон кору фаъолият менамоянд. Ҳамчунин дар маркази мазкур барои наварӯсон, духтарон, модарон тибқи фармоиш либосҳо, рӯймол, қуроқ ва амсоли ин омода карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар марказ касбҳои ҳунаромӯзӣ ба роҳ монда шуда, барои занону духтарон шароити корӣ фароҳам оварда шудааст ва ҳар сол зиёда аз 50 нафар духтарони деҳа соҳибҳунар карда мешаванд.
Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек бо бонувон суҳбати самимӣ ороста, аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занону бонувон ёдовар гардида, зикр намуд, ки дар шароити имрӯза аз ҷониби Ҳукумати мамлакат баҳри баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҷомеа ва дастгирии ташаббусҳои онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳунарҳои мардумии мо бо ташаббус ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, аз тарафи ҷаҳониён ҳамчун муаррифгари тамаддуни миллати тоҷик пазируфта шуд.Зимни шиносоӣ Раиси ноҳия барои идомаи ин кор, ба касбомӯзӣ бештар ҷалб намудани занону бонувон дастуру супоришҳо доданд.