БОЗДИДИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ АЗ НАСБИ ТРАНСФАРМАТОРИ 15000КВ ДАР ЗЕРИСТГОҲИ БАРҚӢ ВОҚЕЪ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҒӮЛАКАНДОЗ

image_pdfimage_print

Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон таъкид намудаанд:

“Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб, минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову Шумо ифтихор намоянд”.

Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов миёни мардуми ноҳия, алалхусус маҳаллаву деҳаҳои он ҳамовозии зиёде касб намуда, дар доираи ҳамин корҳои зиёди бунёдкорию созандагӣ бо маром идома дорад.

Дар чунин ҳошия санаи 17 феврали соли 2026 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода оид ба вусъати корҳои ободонию созандагии деҳаҳо, кӯчаю маҳаллаҳо ва ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек аз насби трансфарматори 15000 кв дар зеристгоҳи барқӣ воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз боздид намуданд.

Ин иқдом бобати беҳтар гардидани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва таъминоти барқи доимӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бе мушкилӣ дар ҳамаи фаслҳои сол барои таъмин намудани нерӯи барқ зеристгоҳҳои нав бунёд намуда, зеристгоҳҳои таъмирталабро навсозӣ менамояд.Роҳбари ноҳия Юлдошзода Олимбек ҷиҳати кам кардани талафот ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, пешгирии ҳама гуна қонунвайронкуниҳо дар соҳаи таъминоти барқ ва барои пардохти маблағи истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби муштариён ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шавад. Дигар онҳое, ки барқро беинсофона ва ғайриқонунӣ истифода мебаранд, яъне ба хазинаи давлат даст мехалонанд, ба ҷомеа ва оянда хиёнат карданӣ мешаванд, беҷазо нахоҳанд монд.

Истифодаи ҳамаҷонибаи энергия ва захираҳои энергетикӣ, аз як тараф, шарти зарурӣ ва таҳкурсии тараққиёти иқтисодӣ мебошад, аз тарафи дигар, омили авҷ гирифтани таъсиррасонии манфӣ ба муҳити атроф аст ва эҳтимоли норасоии энергия ва захираҳои энергетикиро дар даҳсолаҳои минбаъда барои наслҳои оянда ба вуҷуд меорад.

Аз ин лиҳоз, бояд ба истифодаи энергия на танҳо ба истеҳсолу истеъмол ҳамчун омили иқтисодӣ муносибат кунем, балки барои фароҳам овардани имконияти зиндагии башарият барои садсолаҳои оянда созгорӣ намоем – иброз намуданд Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек.

Дар фарҷом сокинони маҳал аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон руҳбаланд гардида, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин шароитҳои мусоид фароҳамгардида миннатдории самимии бепоёни худро изҳор намуданд.

Ҳамагон медонанд, ки нерӯи барқ дар асри мо яке аз эҳтиёҷоти аввалии мардум гашта, баҳри осон сохтани мушкилоти рӯзмарра саҳми босазоеро мегузорад.Бинобар ин, ҳар яки мо шаҳрвандонро зарур аст, ки дар бораи истеҳсолу истифодаи энергия ва захираҳои энергетикӣ, ки аз табиат сарчашма мегиранд ва дар шакли ашёи хоми табиӣ вуҷуд доранд, набояд танҳо гӯему нависем, балки фаромӯш насозем, ки ҳаёти инсоният дар рушду идома аст ва ба ин раванд ҳадафмандона мусоидат намоем.