ШАХСОНИ НИЁЗМАНД ҲАМЕША ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ ҚАРОР ДОРАНД

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 27 ноябри соли 2024 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек бо мақсади аёдат ба манзили истиқоматии оилаи камбизоат Холмуродов Турсунқул истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Сомониён ташриф оварданд.

Дар оилаи Холмуродов Турсунқул 6 нафар зиндагӣ ба сар бурда, соҳиби 3 фарзанд ду писару як духтар ва як набера мебошад. Айни ҳол номбурда дар хоҷагии деҳқонии Ленинград ба ҳайси деҳқон фаъолият мебарад, Ду писари номбурда Холмуродов Нозимҷон ва Холмуродов Ӯктамҷон маъюби гурӯҳи 1 мебошанд.

Раиси ноҳия бо вазъи зисту зиндагонӣ ва саломатии аҳли хонаводаи номбурда аз наздик шинос гардида, ба аёдатшуда маводҳои озуқаворӣ тақдим намуд.Қайд гардид, ки шахсони маъюб шахси яккаву танҳо набуда, онҳо зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти ноҳия қарор доранд ва пайваста ба ҳаёту фаъолияти онҳо ғамхории махсус зоҳир карда мешавад.

Аёдатшуда аз дастгириву ғамҳориҳои доимии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат изҳори хушнудӣ намуда, барои тинҷиву оромӣ, сулҳу субот ва шукуфоии кишвар дуои нек намуданд.




АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

Санаи 27 ноябри соли 2024 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳия, собиқадори соҳаи кишоварзӣ Исмоилов Раҳматуллоро аёдат карданд.

Раиси ноҳия зимни суҳбат бо собиқадори меҳнат таъкид карданд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати арзанда ва фаъолияти пурсамари собиқадорони соҳаи кишоварзӣ қадршиносӣ шуда, кору пайкори шахсони соҳибтаҷрибаву соҳибэҳтиром барои дар руҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия намудани насли ҷавононон дар оянда хизмат мекунад.

Ба аёдатшуда маводҳои озуқаворӣ тақдим карда шуд. Дар навбати худ аёдатшуда ба ғамҳориҳои пайвастаи давлату ҳукумат, хусусан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос ва қаноатмандӣ карданд.




БОЗДИДИ РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ОБАНБОРИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СОМОНИЁН

Имрӯз, санаи 27 ноябри соли 2024 бо мақсади беҳтар гардонидани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек аз рафти иҷрои корҳои сохтмонии обанбор воқеъ дар деҳаи Зарафшони Ҷамоати деҳоти Сомониён, дидан намуданд.

Дар рафти боздид Раиси ноҳия ба масъулин ҷиҳати саривақт ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ҷиҳати ҳарчи бештар таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дастуру супоришҳо дод.

Боиси қайд аст, ки дар ҳолати ба истифода додани обанбори мазкур таъминоти оби нӯшокӣ ба аҳолӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳия беҳтару хубтар мегардад.