ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ВА МУМФАРШКУНИИ НАВБАТӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҒӮЛАКАНДОЗ БО ИШТИРОКИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ЮЛДОШЗОДА ОЛИМБЕК БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Амалӣ гардидани корҳои бунёдкориву ободӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар доираи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба як мароми доимӣ ва ҷабҳаи созандагӣ табдил ёфтааст.

Сокинони шарафманди ноҳияи Ҷаббор Расулов бо роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек бо меҳнати аҳлонаву садоқат ба Ватан, оғоз аз таъмиру тармими дару кошонаи худ то рушди инфрасохтори маҳал бо сарҷамъиву ташаббускорӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Дар робита ба ин, санаи 17 августи соли 2026 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек аз рафти корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла дар мумфарш намудани роҳҳои маҳаллӣ – кӯчаи ба номи Садриддин Айнӣ Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ба масофаи 680 метр иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо 5 кӯчаҳои Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз зиёда аз 5 километр мумфарш мегардад.Маврид ба зикр аст, ки корҳои мумфаршкунӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, шахсони саховатпешаю соҳибкорон ва сокинони деҳа ба роҳ монда шудааст.

Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек дар доираи шиносоӣ, боздид аз рафти корҳои мумфаршкунӣ, дар суҳбати озоди сарироҳӣ бо соҳибкорон ва сокинони ҳимматбаланду ватандӯст ба онҳо барои ташаббусҳои бунёдкорона ва дастгирии сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд. Зикр намуданд, ки ҳар яки мо шукронаи кишвари азизамон – Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кунем, ватанамонро ҳамешагӣ дӯсту азиз дорем, ба қадри оромиву осудагӣ ва хуррамиву ободӣ расем.Изҳор доштанд, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд сол то сол обод гардида истодааст, ки ин метавонад дар рушду густариши минбаъдаи ноҳия мусоидат намояд.

Сокинони маҳаллаи мазкур таъкид менамоянд, ки асфалтпӯш гардидани роҳҳо имкониятҳои хубро фароҳам меоварад. Сокинон ташаббусҳои ободониро дастгирии сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, иброз медоранд, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо ба болоравии сатҳи зиндагӣ ва рушду пешрафти маҳаллаҳо заминаи устувор мегузорад.

Сокинони деҳа изҳор намуданд, ки дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишварро ҳама вақт эҳсос менамоянд ва баҳри амали кардани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, баҳри ободу зебо намудани ҳар як маҳал ва деҳаву кӯчаҳои худ саҳми босазо мегузоранд.




ВУСЪАТИ ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ! – ИДОМАИ МУМФАРШКУНИИ НАВБАТӢ ДАР КӮЧАИ БА НОМИ УМРЗОҚ АБДУРАҲИМОВ ВОҚЕЪ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СОМОНИЁН БА МАСОФАИ ЗИЁДА АЗ 1,2 КИЛОМЕТР БАХШИДА БА САЗОВОР ИСТИҚБОЛ НАМУДАНИ ҶАШНИ ХУМОЮНИИ МИЛЛӢ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН




🇹🇯ВАРЗИШГАРИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ – КОМРОНШОҲ УСТОПИРИЁН (95 КГ) БАРАНДАИ МЕДАЛИ ТИЛЛОИ ДУЮМИН ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНГИРӢ – 2026 ГАРДИД🥇