ВАҲДАТ-САМАРАИ ТАЛОШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

27 июни соли 1997 ба таърихи халқи тоҷик
ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин иди
фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи
маънавию иқтисоди кишвар, маъсулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони
Тоҷикистон аст.

Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Он арзишест, ки миллати моро аз ҳалокат нигоҳ дошт, ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамун сохт, рукнҳои давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқиро дар мамлакат истеҳком бахшид. Танҳо баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ризоияти миллӣ имкон фароҳам омад, ки дар мамлакат ислоҳоти фарогир дар аксари бахшҳо ба роҳ монда шавад. Сатҳи таълиму тарбия ва камолоти насли наврас бо истифода аз низомҳои муосири таълимӣ сифати нав касб кард. Зеро ба хубӣ эҳсос шуд, ки ҳар қадар насли ҷавон маърифатноку босавод шавад, ҳамон қадар пояи ваҳдат, сулҳу салоҳ, якдилию якдигарфаҳмӣ пурқувват мегардад. Самараи ваҳдат аст, ки имрӯз таъмини рушди босуботи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа муҳайё гардида, дар иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу ҳунар ва илму маориф пешравиҳо назаррасанд. Мардуми соҳибмаърифату сулҳпарвари мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асоси пешрафти ҷомеа донистанд. Имрӯз ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, ки ҳосили талошҳои хастанопазири Сарвари муаззами давлат аст,аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, кина танҳо дар кишвари маҳбубамон, балки дар сатҳи байналмиллалӣ низ мавриди омузиши истифода қарор гирифтаас. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи Ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ  намедиҳем, ки теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу Ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо -тоҷикон фахр месозем.  Дар ҳақиқат ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоди миллат, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов




АРЗИ СИПОСИ ТАБИБОНИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ба ноҳияи Ҷаббор Расулов корвони автомошинаҳои кумаки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз 6 адад ҷиҳати дастрас намудани доруворӣ ва маводи озуқа баҳри дастгирии иҷтимоӣ ва иқтисодии табибон ва ашхоси бемори коронавирус COVID-19 ворид гардид.Маводҳои зарурии тиббӣ аз ҷумлаи либосҳои муҳофизатӣ-корҷома дар маҷмӯъ респиратор, айнак, бахилаҳо), дорувории зарурӣ ва дигар маводи тиббӣ ва маҳсулоти озуқаворӣ амсоли орд, биринҷ, сабзӣ, картошка, пиёз ва дигар маводи ниёзи аввал барои кӯмак ба табибон дастрас карда шуд.Оилаҳои беморон ва табибон кӯмаки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо хушнудӣ пазируфта, миннатдорӣ ва сипосмандии хешро изҳор намуданд.Табибони ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ин иқдом ва дастгирии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардида, масъулияти бар дӯши онҳо бударо ба хубӣ эҳсос намуда, тасмим гирифтанд, ки баҳри пешгирии паҳншавии бемории коронавирус COVID-19 дар кишвар ҳамаҷониба тамоми донишу малака ва саъю кӯшиши хешро равон намоянд ва минбаъд ҳам бо касби хеш ба аҳолӣ содиқона хизмат мекунанд.




Ваҳдати миллӣ самараи ақлу хирад

Воқеан 27-уми июни соли 1997 рӯзи муборак ва солест, дар таърихи пуршарафи халқи кӯҳанбунёд ва мутамаддини мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Дар ин соли хуҷаста  Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳилаи нави таърихи худ қадам ниҳод. Дар суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чунин таъкид карда буданд: «Рӯзи Ваҳдат дар байни  ҷашнҳои миллии мо мақоми хоса дорад. Чунки мо ба ин рӯзи пурсаодат ба ивази зиёни бузурги моддию маънавӣ, ҳазорон ҷони қурбоншуда, заҳмату машаққат ва сабру таҳаммули зиёд расидаем. Маҳз ҳамин лиҳоз, ба имзо расидани ин санади воқеан тақдирсоз яке аз саҳифаҳои муҳимтарини таърихи навини кишварамон ба ҳисоб меравад».  

Дар ин санаи ҳумоюн
дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон
ба тасвиб расид, ки яке аз комёбиҳои нодири халқ мебошад ва имрӯз аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ
чунин таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро  эътироф
намуданд.

Аҳамияти умумимиллии
ба имзо расидаи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар таърихи тоҷикон
мавқеи калонро соҳиб аст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки дар мамлакат ҷашнвораҳои  бузурги миллӣ бо шукуҳу шаҳомат баргузор гардад.

Ваҳдату иттиҳод
барои ҳар миллат беҳтарин неъмат маҳсуб мешавад ва устувории давлатдорӣ
вобастаи ин неруи сарнавиштсоз аст.

Вақте сухан аз Ваҳдати
миллӣ равад, зеҳни инсон беихтиёр вориди таърихи начандон дури кишвар мегардад.
Ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта душманони миллати тоқик бо ҳар гуна фиребу дасиса
тавонистанд оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯзанд. Дар он лаҳзаҳои ҳассос ҳастии
миллати тоҷик зери хатар монда, барои халқи азияткашидаи  тоҷик ба зиндагии шоиста умеде боқи намонда
буд. Дар он гуна шароит танҳо сулҳу ваҳдат ва ризояти миллӣ метавонист кишварро
аз ин варта раҳо бахшад.

Дар ин айёми ҳассос,
ки миллату давлат дар вартаи нобудӣ қарор 
гирифт, фарзанди садоқатманд 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат ворид гардида хитоб намуд: «Ман ба
Шумо сулҳ меорам». Ин шиори Пешвои миллат мардумро руҳу тавон ва умед ба ояндаи
нек бахшид. Имрӯз, ки мо дар арафаи таҷлили ин санаи хумоюн қарор дорем, ба
назар чунин мерасад, ки он осону сода ба даст омада бошад. Аммо асли воқеа
дигар аст. Барои ба имзо расидани ин созишнома чандин бор музокираҳои бебарори  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо роҳбарони мухолифин дар шаҳрҳои мамолики ҳамҷавору
ҳамзабони мо сурат гирифт. Ниҳоят бо изни Худованди меҳрубон ва хиради азалии
Пешвои миллат Созишномаи истиқрори Сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид.

Аз нигоҳи ақалияти
таърихӣ агар истиқлолияти кишвар дар сарнавишти мардуми тоҷик ва умуман тоҷикистониён
нақши калидӣ дошта бошад, Истиқрори Сулҳ ва ризояти миллӣ на кам аз  он маҳсуб мегардад. Зеро он ҳама пешравию тараққиёте,
ки имрӯз дар бораи онҳо бо ифтихор сухан мекунем асосан баъд аз ба даст
овардани сулҳ рӯи кор омадааст. Яъне падидаи нодири Сулҳ пояҳои  Истиқлолияти давлатиро устувор намуда,
барои  ташаккул намудани ҳаммаи самтҳои
хоҷагии ҳалқ заминаҳои заруриро фароҳам овард.

Ҷоиз ба қайд аст,
ки танҳо бо ба даст овардани сулҳ рисолати мо ба охир нарасидааст. Яъне ҳифз
намудани он на кам аз ба даст овардани он аст ва имрӯз ҳамагон муваззаф ҳастем,
ки ҳатто бар ивази ҷон онро ҳифозат намоем ва нагузорем, ки бори дигар ин
миллат ба вартаи фано кашида шавад.   

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи  дастгоҳи раиси ноҳия Султонзода Б.