ОИЛА – АСОСИ ҶОМЕА

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, ҳифз ва нигоҳдошти беҳтарин анъана ва суннатҳои миллӣ дар бахши хонаводагӣ ва кадбонугӣ, тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва меҳандўстӣ, баланд бардоштани маърифату маданияти занону духтарон, ҳавасмандгардонӣ ва муаррифии занону духтарони ҳунарманди соҳибистеъдод, бо мақсади тарғибу ташвиқи оилаи солим, маърифати одоби оиладорӣ, устувории оилаҳои ҷавон, бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мутобиқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ифтихори Рўзи байналмилалии оила тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегардад. Бахшида ба ин рўз санаи 15 майи соли 2020 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба оилаҳои барўманд ва ҳунармандони Ҷамоати шаҳраки Меҳробод, Ҷамоати деҳоти Гулхона, аз ҷумла оилаҳои Бобоевҳо, Тошбобоевҳо ва Эмомовҳо аёдат карда, табрикот ва туҳфаҳои Раиси вилояти Суғд ва раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов супорида шуд.











