ПАЙРАВӢ АЗ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

Иқдоми навбатии хайрандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки барои таъмини кафолати иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирӣ ва табобати беморӣ равона шудааст, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов амалан ҷонибдорӣ меёбад. Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузаронид. Тазаккур бояд дод, ки ин ташаббуси хайрхоҳонаи Пешвои миллат мавриди ҳамовозӣ ва ҷонибдории ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти иҷроия, роҳбарони корхонаю идораҳо, соҳибкорони бонангу номус ва шаҳрвандони алоҳида қарор ёфтааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоту сохторҳои марбута, ҷомеаҳои меҳнатӣ ва соҳибкорони саховатпешаи ноҳия алҳол тамоми воситаю имконояти мавҷудаю дастрасро барои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи “COVID-19”, фароҳамсохти шароити зарурӣ барои кормандони соҳаи тандурустӣ, ба аҳолӣ фаҳмондани корҳои пешгирикунанда, риояи дастуру супоришҳои аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳодгардида, манъи чорабиниҳои оммавӣ, истифодаи ниқоб зимни баромадан ба кӯчаву ҷойҳои серодам, безараргардонии муассисаҳои хӯроки умумӣ, бозору дӯконҳо ва гулгашту хиёбонҳо, ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот равона кардаанд.




Табрикоти раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба 75-солагии Иди Ғалаба

Ҳамватанони азиз!

         Ҳамаи
Шуморо ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику муборакбод менамоям.  

         Дар
таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо
боз ҳам бештар аён мегардад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар
радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом
дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ гиромӣ аст. Имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистони
азизамон Иди Ғалаба бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот дар партави сиёсати одилона ва
халқпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукуҳу шахомати хоса таҷлил гардида
истодааст.

         Рӯзи Ғалаба рамзи ватандӯстӣ, фидокорӣ ва иттиҳоди халқҳои мост. Ҳамасола
таҷлил намудани Рӯзи Ғалаба, поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии
родмардони набардҳои шадид анъанаи нек ва сабақи ибратомӯз барои наслҳои имрӯза
аст.

         Мусаллам
аст, ки бе муттаҳидӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ инсоният пеш рафта наметавонад. Тимсоли ин гуна дӯстӣ ва садоқатро мо дар мисоли падарон ва бобоёни шуҷоатманди
худ мебинем, ки корнамоиҳо ба хотири Ватан дар ёди наслҳои оянда абадан
мемонанд. Торумор гардидани Германияи фашистӣ намунаи олии дӯстӣ, якдилӣ ва хизмати таърихии халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Тақрибан 100 ҳазор ҷавонмарди тоҷик дар
арсаи ҷанг қаҳрамонона шаҳид гаштанд. Мо дар назди хотираи неки онҳо сари
таъзим фуруд меорем ва бо зикри хайр номи онҳоро зинда медорем.

         Имрӯз ба
тамоми собиқадорони ҷанг, ки баъд аз Ғалаба ҳам
дар ҳаёти ҷомеа фаъолона ширкат намуда, ҳоло давлати пирӣ меронанд изҳори сипоси бепоён менамоям.

         Бояд
зикр кард, ки хизматҳои шоён, фидокорӣ ва қаҳрамониҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳад кард ва ҳифзи иҷтимоии онҳо, қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиёни ҷанг, посдории хотираи шаҳидон ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалй Раҳмон ва Раиси
вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода қарор дорад.

         Махсусан,
барои баланд бардоштани нафақа, фароҳам овардани шароити истироҳату табобат ва умуман беҳдошти зиндагии онҳо як силсила тадбирҳо андешида шуданд.

         Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов низ баҳри ба ҷо овардани эҳтиром ва расонидани кӯмаки беминнат ба иштирокчиён ва собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмонда, заҳматкашони ақибгоҳи давраи ҷанг ва зарардидагони садамаи Неругоҳи барқии атомии Чернобил
 як қатор корҳои амалиро ба сомон расонида
истодааст.

         Итминони
комил дорем, ки собиқадорони ҷангу меҳнат бо истифода аз таҷриба, малакаю маҳорат ва бо
панду насиҳатҳои судманди худ ба
наслҳои имрӯза роҳбалад шуда, барои устувор намудани аркони давлатдорӣ ва густариши ифтихори милливу хештаншиносӣ ва баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
саҳми арзанда мегузоранд.

         Бо ҳамин ниятҳои нек шумо –
пирони барнодил, собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми мардуми шарафманди ноҳияро ба ифтихори 75-солагии Ғалабаи бузург табрик гуфта, ба шумо саломатӣ, умри дарози бобаракат ва сулҳу оромии ҳамешагиро  орзу
менамоям.

         Бигзор
сулҳу амният дар Ватани азизи мо ва дар саросари олам
пояндаву ҷовидон бошад!Саломат бошед!




Тақдими кӯмакпулиҳо ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Қаҳрамониву
диловариҳои падарону бобоёни мо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  барои наслҳои
оянда намунаи олии ватандӯстиву родмардӣ хоҳад буд. Ҳамасола дар остонаи Рӯзи
Ғалаба бо мақсади арҷ гузоштан ба корнамоиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ
дар сатҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон корҳои неку шоиста анҷом дода мешавад.

Соли равон низ ба ифтихори 75 – солагии Рӯзи Ғалаба кӯмакпулиҳои
якдафъаинаи Пешвои муаззами миллат дар ҳаҷми   6 (шаш) ҳазор сомонӣ,
кӯмакпулии Раиси вилоят ба андозаи 4 ҳазор сомонӣ  ва кӯмакпулии раиси ноҳия дар ҳаҷми 1 (як) ҳазор
сомонӣ муқаррар гардид.

Бо мақсади тақдими кӯмакпулиҳои Пешвои муаззами миллат ва Раиси вилоят,
расонидани номаи муборакбодии Сарвари давлат ба ифтихори ин ҷашн муовини вазири
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Собирзода Нуралӣ Миралӣ ва сардори
Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода  6 нафар иштирокчиёни Ҷанги
Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар кардашударо санаи 4-уми майи соли
2020 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аёдат намуданд.

Зимни суҳбат бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз корнамоиҳои бемисли онҳо ёдовар шуда, таъкид кард, ки дар он солҳои мудҳиш дар қатори мардумони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фарзандони Тоҷикистон низ ба ҳимояи ватани хеш бархоста, барои ҳифзи хоки ватан синаи худро сипар намудаанд. Қаҳрамониву диловарии фарзандони шуҷоъи ватан дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст ва давлату Ҳукумат азхудгузаштагиву ҷоннисориҳои зафармандонро қадр менамояд. Зикр гардид, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҶБВ таҳти таваҷҷӯҳу ғамхориҳои доимӣ қарор доранд.