Натиҷаҳои самарабахш
Санаи 13-уми
апрели соли 2020 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи
Ҷаббор Расуловмаҷлиси фаъолони ҷамъбасти
натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар семоҳаи аввали соли 2020 хоҷагии халқи ноҳия
баргузор гардид.

Дар маҷлиси
фаъолони ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ – раиси ноҳия, намояндаи мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муҳтарам Зайнура Шарифӣ – сардори Раёсати
хадамоти муҳоҷират дар вилоят иштирок намуданд.
Дар маҷлиси
фаъолони ноҳия доир ба ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2020-ум як масъала: «Дар
бораи ҷамъбасти фаъолияти иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқи ноҳия дар семоҳаи
аввали соли 2020-ум» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз рӯи
масъалаи рӯзнома муовини якуми раиси ноҳия Файзулло Қосимӣ баромад намуд.
Инчунин аз рӯи
масъалаи мазкур ба музокира директори маркази назорати давлатии санитарию
эпидемиологии ноҳия Самадов Илҳом Қамчинхонович, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия
Аҳмадзода Илҳом Юлдош, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Саидзода Валӣ Наим
ба сухан баромаданд.

Сипас намояндаи
мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муҳтарам Зайнура Шарифӣ –
сардори Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд оиди натиҷаҳои иқтисодию
иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2020 ва натиҷаҳои дар ҳамин самт ба даст
овардашуда ва камбудиҳои ҷойдошта баромад намуд.

Дар сухани ҷамъбасти маҷлис аз ҷониби раиси ноҳия дар назди фаъолон вазифаҳои
мушаххас гузошта шуд.











