Модар офарандаи ҳаёт!

Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат – ҷашни фархундаи Рӯзи модар фаро мерасад. Ҳамаи шумо, модарони меҳрубон ва бонувони арҷмандро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад.
Санаи 6-уми марти соли 2020 дар қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳия ба муносибати «Рӯзи модар» маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси тантанавӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия муҳтарам Қудратзода Тоҳир, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муҳтарам Ёқубзода Баҳодур сардори идораи хӯроквории вилояти Суғд, намояндагони мақомотҳои қудрати, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ва занону духтарони фаъоли ноҳия ва дигар таклифшудагон иштирок доштанд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муҳтарам Ёқубзода Баҳодур ба сухан баромада ба муносибати «Рӯзи модар» ҳозиринро табрик намуданд.
Инчунин дар давоми чорабинӣ аз тарафи раиси ноҳия ба як қатор бонувони фаъоли ноҳия барои фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои тоза дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бахшида ба «Рӯзи модар» 10 нафар бонувон бо Сипосномаву туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва 560 нафар бонувон бо туҳфаҳои хотировӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ гардид.




Бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бо дасгирии иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия муҳтарам

Бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бо дасгирии иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия муҳтарам Тоҳир Қудратзода санаи 3 марти соли равон дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ноҳиявӣ таҳти унвони «Беҳтарин рассоми ҷавонон» доир гардид.
Дар озмуни мазкур 12 нафар дастпарварони маркази таҳсилоти иловагӣ ва мактаби санъати бачагонаи ба номи Додоҷон Қутбиддинов иштирок намуда акси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасвир намуданд, ки аз ҷониби аъзоёни комиссия ва бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия баҳогузори гардид.
Ғолибон ва ҷоизадорон аз ҷониби кумитаи тадорукот бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирави қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳадаф аз баргузории озмун, баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон, гиромидошти анъанаҳои миллӣ, эҳтирому садоқат ба Ватан ва рамзҳои давлатӣ ва дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод ва ташакули маҳорати эҷодкории онҳо мебошад.




Санаи 2-уми марти соли 2020 дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ

Санаи 2-уми марти соли 2020 дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати иҷрои фармоиши Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-уми январи соли 2020, таҳти №3 «Оид ба омода намудани техникаҳои кишоварзӣ барои муташаккилона гузаронидани кишти баҳории соли 2020 ва барои гузаштан ба «Хатти тайёр» дар заводи пахтатозакунии ҶСП «Суғд стандарт коттон» бо техникаҳои кишоварзӣ шиносоӣ баргузор гардид.
Дар шиносои мазкур сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд муҳтарам Бобозода Хайрулло, иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Тоҳир Қудратзода, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, Раисони Ҷамоатҳо, ва Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби ноҳия ва механизаторҳои Ҷамоатҳо иштирок доштанд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия муҳтарам Тоҳир Қудратзода ба сухан баромада кишоварзони шарафманди ноҳияи Ҷаббор Расуловро баҳри амалӣ намудани супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхориҳои ҳамешагии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тамоми нерӯ ва имкониятҳои мавҷудаи хешро ҷиҳати истифодаи пурсамар ва оқилонаи замин, об афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла кишти мавсими баҳорӣ равона сохта, дар ин соли пурфайзу пуршукуҳ ва дар партави идҳои фараҳманди 23-солагии Ваҳдати миллӣ, 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меҳнатҳои пурсамар ва бобаракат ҷашн гирифтанд даъват намуданд.
Инчунин дар давоми суханронӣ Тоҳир Қудратзода раисони Ҷамоатҳо ва Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби ноҳияро бо дурнамои кишти зроатҳои кишоварзӣ шинос намуданд.