АРТИШ СИПАРИ ДАВЛАТ АСТ.

Санаи 22 феврали соли 2020 дар қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳия чорабинии идона бахшида ба муносибати 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар чорабинии мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Тоҳир Қудратзода, ҳамчунин кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, кормандони шуъбаи вазорати корҳои дохили дар ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, муассисаю хоҷагиҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар таклифшудагон иштирок доштаанд.
Дар чорабини мазкур Тоҳир Қудратзода аҳли толор ва мардуми шарафманди ноҳияро ба муносибати 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Дар давоми чорабинӣ ба баталёни 1-уми зудамали қисми ҳарбии 051056 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давоатии ноҳия 1 адад компютер бо принтер дода шуд. Инчунин 6 нафар хизматчиёнӣ ҳарбӣ, 4 нафар иштирокчиёни сохти конститутсионӣ ва 7 нафар ҷанговарони байналмиллал бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин бахшида ба муносибати 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои низомии дар қаламрави ноҳия буда мусобиқаҳои варзишӣ ташкил карда шуда ба онҳо аз тарафи Раиси ноҳия маводҳои хӯрокворӣ дастрас карда шуд. Ба оилаҳое, ки дар барқароркунии сохти конститутсионӣ ҷон бохтаанд аз тарафи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Тоҳир Қудратзода аёдат карда шуд.




Санаи 16 феврали соли 2020 ҷиҳати иҷрои банди 7 ва зербанди 14 “Барномаи маҳаллии маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Санаи 16 феврали соли 2020 ҷиҳати иҷрои банди 7 ва зербанди 14 “Барномаи маҳаллии маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои солҳои 2017-2021” ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд мусобиқаи анъанавӣ кушоди вилоятӣ барои дарёфти ҷоизаи дукарат қаҳрамони меҳнат А.Саматов оид ба намудҳои гуштини миллӣ “Гуштингирӣ” ва самбои размӣ байни калонсолон бахшида ба соли 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар толори “Чемпион” – и ноҳия доир гардид. Дар чорабинии мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Тоҳир Қудратзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муовини Раиси вилояти муҳтарам Каримзода Рустам иштирок баромад намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар ин мусобиқа зиёда аз 238 нафар варзишгарон қувва санҷӣ намуданд.
Дар охири мусобиқа ғолибон ва ҷоизадорон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо медал, диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.




Санаи 14-уми феврали соли 2020 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов

Санаи 14-уми феврали соли 2020 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Иттифоқ», №57 ва номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳавзаи интихоботии «А.Рӯдакӣ», №1 баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раисони кумитаҳои маҳалла ва фаъолони Ҷамоати шаҳраки Меҳробод ва дигар даъватшудагон иштирок намуданд.
Вохӯрии мазкурро раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов Умарзода Ботирҷон ҳусни оғоз бахшида номзадҳоро ба интихобкунандагон муаррифӣ намуд.
Шахсони боэътимоди номзадҳо бошанд, арзандатарин номзадҳоро бо муаррифии фаъолияти корӣ ва барномаи пешазинтихоботиашон ироа намуданд.
Дар давоми вохӯрӣ аз ҷониби раисони кумитаҳои маҳалла оиди як чанд муаммаҳои зиндагии мардум баромад намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов Умарзода Ботирҷон ба интихобкунандагон барои ояндаи Тоҷикистони азиз дар рӯзи 1 марти соли 2020 фаъолона иштирок намуданро пешниҳод намуд.
Бо ҳамин вохӯри ба охир расид.