Қабули шаҳрвандон дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой

Санаи 10-уми феврали соли 2020 бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар доираи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой қабули шаҳрвандони сайёр ташкил ва баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ иштирок намуда, ҳар як муроҷиати сокинони Ҷамоати деҳоти Деҳмойро дар доираи чаҳорчубаи қонунҳои амалкунанда мавриди баррасӣ қарор дод.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ дар баробари қабули шаҳрвандон аз вазъияти зисту зиндагонии мардум огоҳ шуда, бо фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ, соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ низ шинос гардида, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастурҳои мушаххас дод.
Инчунин дар доираи сафари корӣ Қудратзода Тоҳир Толибӣ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой чун анъана собиқадорони меҳнатро аёдат намуд, бо пирони рӯзгор суҳбати самимӣ анҷом дод. Дар аснои суҳбат зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони меҳнат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо мунтазам ғамхорӣ менамоянд.
Собиқадорони меҳнат барои ғамхориҳои доимӣ сипосмандии худро баён дошта, миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд.




Санаи 7-уми феврали соли 2020 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов

Санаи 7-уми феврали соли 2020 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифзода Ғолибҷон – мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилояти Суғд маросими муаррифии муовини раиси ноҳия баргузор гардид.
Дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори раиси ноҳия “Дар бораи ба вазифаи муовини раиси ноҳия таъин намудани Муталибзода Зумрад Муталиб” ба тасвиб расидааст, ки аз тарафи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ муаррифӣ гардид.
Зимни муарриф иттилоъ дода шуд, ки Муталибзода Зумрад Муталиб соли 1986 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов таваллуд шудааст. Миллаташ ӯзбек, маълумоташ олӣ. Соли 2012 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ва соли 2018 Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идораи давлатӣ хатм намудааст.
Муталибзода Зумрад Муталиб дар солҳои гуногун ба ҳайси омӯзгори забони давлатӣ ва ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ва мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Ҷаббор Расулов фаъолият дошт. Аз моҳи январи соли 2018 то феврали соли 2020 мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов буд.
Дар охир Қудратзода Тоҳир Толибӣ ба Муталибзода Зумрад Муталиб барои фаъолияти баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно намуда бо сарпарастони соҳа бояд ҷиҳати рушди соҳаи иҷтимоии ноҳия аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум талош намояд.




ҚАДРШИНОСИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…”

Ҳафтаи сипаригашта дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маросими тантанавии супориданни диплому мукофотпулиҳо ба ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” баргузор гардид.
Дар он иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ, муовини аввали Раиси ноҳия Файзулло Қосимӣ, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия Сафарзода Амир, роҳбарон ва кормандони шуъбаву бахшҳои МИҲД, бахши фарҳанг ва китобхонаҳо, инчунин хонадагони муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат варзиданд.
Ҷамъомадро муовини аввали Раиси ноҳия Файзулло Қосимӣ ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру навоҳии кишварамон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ..” баргузор гардид. Ҳамчунин дар ноҳияи мо давраи аввалини озмуни мазкур ҷамъбаст шуда, ғолибон ва иштирокчиёни фаъол муносиб қадрдонӣ карда мешаванд.
Тибқи натиҷаҳои даври ноҳиявии озмун аз номинатсияи адабиёти классикӣ: Меҳрангез Алишерзода (ҷойи 1-ум), Ҳусанбой Дадабоев (ҷойи 2-юм), Маҳина Ҷӯраева (ҷойи 3-юм); аз номинатсияи адабиёти муосир Севинч Қаҳҳорова (ҷойи 1-ум), Ширин Отамуродова (ҷойи 2-юм), Мавзуна Назирова (ҷойи 3-юм); аз номинатсияи ривояту афсонаҳо Нилуфар Раҳматуллоева (ҷойи 1-ум), Сабрина Раҷабзода (ҷойи 2-юм), Диёрбек Отабоев (ҷойи 3-юм); аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон Олга Ҷӯраева (ҷойи 1-ум), Азиз Набиев (ҷойи 2-юм), Дадоқӯзи Абдуллоев (ҷойи 3-юм) бо диплому мукофотпулиҳои дахлдор қадрдонӣ карда шуданд.
Шоҳҷоизаи озмун ба Бобошавқ Қурбонзода насиб гашта, ӯ бо диплом ва мукофотпулӣ ба маблағи 1000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд.
Дар поёни тантана соҳиби шоҳҷоиза Б.Қурбонзода сухан гирифта, ба Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ба Раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ аз номи ҳамаи иштирокчиёни озмун изҳори миннатдорӣ намуд.