Санаи 30-уми январи соли 2020 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар соли 2019 доир гардид.

Санаи 30-уми январи соли 2020 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар соли 2019 доир гардид.
Дар нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, намояндагони рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”-Ҷовиди Аштӣ, “Ҳафтаномаи Тоҷикистон”-Фарзона Муродӣ, “Ҳақиқати Суғд” -Шаҳрибону Олимова, “Халқ овози”-Урунбой Усмон, маҷаллаи “Кайҳон”-Раънои Муҳаммад, “Азия Плюс”-Мадина Поччоева, “Нилуфар”-Робия Розиқова, инчунин намояндагони рӯзномаҳои “Суғд ҳақиқати”, “Маънавият”, “Согдийская правда”, “Ховар”, “Қадрият”, кормандони телевизионҳои “Сафина”- Фаррух Усмонов, “СМ1”- Мафтуна Шукурова, “Радиои замон”- Ҷураев А., инчунин намояндагони рӯзномаҳои ноҳиявии “Иқбол”-Набиев Азиз, “Омӯзгор ва хонанда”- Неъмати Набӣ иштирок намуданд.
Нишасти матбуотӣ ба тариқи саволу ҷавоб ва ҳамчун суҳбати озод доир гардид. Рӯзноманигорон ба саволҳои худ, ки оид ба масъалаҳои асосии мубрами рӯз, яъне дар бораи иҷрои андоз, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, таъмини пардохти маблағи об, сохтмони иншоотҳо, биноҳо, вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳоҷагиҳои кишоварзӣ, истифодаи барқ, ҷавонон, варзиш, оила, рафти корҳои ободонӣ, робита бо соҳибкорон, ривоҷи чорводорӣ, рушди сайёҳӣ ва ҳунармандӣ буд, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Нишасти матбуотӣ дар руҳияи баланди сиёсӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардид.




Санаи 29 январи соли 2020 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия доир шуд.

Санаи 29 январи соли 2020 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия доир шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни муаррифӣ таъкид кард, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 Комил Салимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов озод гардида, Қудратзода Тоҳир Толибӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Қудратзода Тоҳир Толибӣ соли 1979 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, баъд аз хатми донишгоҳ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла сардори Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода барои фаъолияти пурсамараш ба Комил Салимзода изҳори сипос намуда, ба Қудратзода Тоҳир Толибӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ комёбиҳо таманно кард. Раиси вилоят ҳамзамон вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро таҳлил намуда, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, таъмини рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, густариши корҳои ободониву созандагӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, баррасии саривақтии муроҷиатҳои сокинон ва дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ба роҳбарияти ноҳия дастуру супоришҳо дод.




Санаи 11 декабри соли 2019-ум соати 9:00 тибқи ҷадвали тасдиқшудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Санаи 11 декабри соли 2019-ум соати 9:00 тибқи ҷадвали тасдиқшудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ҷаббор Расулов иҷлосияи ғайринавбатии бисту сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосияи вакилони интихобшуда, ҳамчунин кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, Раисон, котибони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва дигар шахсони ба масъалаҳои иҷлосияи ғайринавбатӣ дахлдор, иштирок доштанд.
Иҷлосияи ғайринавбатӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро оғоз намуд. Доир ба ҳамаи масъалаҳое, ки дар рӯзномаи иҷлосияи ғайринавбатӣ ҷой доштанд, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Раиси Маҷлис иҷлосияи ғайринавбатии бисту сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷумро пӯшида гуфта эълон намуд.
Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод ва ба кори иҷлосияи ғайринавбатӣ хотима бахшид. Иҷлосия дар сатҳи баланди сиёсӣ ва талаботӣ сурат гирифт.