Шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз рафти корҳои сохтмонии Маркази ташхисию табобатии хусусии ҶДММ «Луқмони Ҳаким-2014» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз рафти корҳои сохтмонии Маркази ташхисию табобатии хусусии ҶДММ «Луқмони Ҳаким-2014» шинос гардид.Корҳои сохтмонии марказ бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Рӯзиев Ҳакимҷон ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оғоз гардидаанд.Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки марказ аз ду ошёна, 18 ҳуҷраи хоб ва 34 кат иборат буда, пас аз ба истифода додан ба аҳолии ноҳия ва минтақа хизматрасониҳои муосири ташхисию табобатӣ пешниҳод хоҳад кард.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ соҳибкор тасмим гирифтааст, ки марказро бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва ташхисӣ муҷаҳҳаз намояд. Аз ҷумла, дар озмоишгоҳ ташхисҳои лабораторӣ бо усулҳои ИХЛА ва ИФА, ташхиси биокимиёвӣ, инчунин ташхиси рентгении рақамӣ, сабти барқии майнаи сар, эхоэнсефалография, ташхиси ултрасадоӣ ва хизматрасониҳои дандонпизишкӣ ба роҳ монда мешаванд.
Дар марказ барои қабулу табобати беморон шуъбаҳои асаб, бемориҳои дарунӣ, бемориҳои занона ва дигар шуъбаҳои махсусгардонидашудаи ташхисию табобатӣ пешбинӣ гардидаанд.
Ҳамзамон, марказ дорои як адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ хоҳад буд, ки барои расонидани ёрии фаврии тиббӣ ба беморон истифода мегардад.
Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ соҳибкор тасмим гирифтааст, ки дар назди марказ ду адад соябон бо 16 ҷойи нишаст барои истироҳати беморон бунёд намояд. Инчунин, дар дохили марказ нуқтаи фурӯши доруворӣ ва ошхона бо 20 ҷойи нишаст барои беморон ва кормандон сохта ба истифода дода мешавад.Бунёди чунин иншооти хуштарҳу замонавӣ дар доираи дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи тандурустӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои саломатии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни шиносоӣ ба масъулин ва соҳибкор ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ, истифодаи таҷҳизоти муосири тиббӣ, ободонии ҳудуди марказ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои беморон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки корҳои сохтмонӣ бояд бо риояи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ ва сифати баланд анҷом дода шуда, марказ ҳарчи зудтар ба истифода дода шавад. Ҳамчунин, масъулин вазифадор гардиданд, ки барои рушди минбаъдаи хизматрасониҳои тиббӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Пас аз ба истифода додани марказ зиёда аз 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд, ки ин дар самти рушди соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ноҳия қадами муҳим ба ҳисоб меравад.





