Дар қисмҳои низомии ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов дастурхони идона ороста шуд

image_pdfimage_print

Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати сарбозони қисмҳои низомӣ ва мусоидат дар беҳтар гардонии шароити буду бошти онҳо ба ҳукми анъана даромадааст.

Санаи 23 феврали соли 2024 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ҳамроҳи бо роҳбарони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба қисмҳои низомии ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз ҷумла қисми ҳарбии 051056-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дидбонгоҳи сарҳадии 6 «Тоҷикон» воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳия ташриф оварда, ҳайати шахсӣ ва сарбозону афсаронро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳуриии Тоҷикистон муборак гуфта, бо сарбозону афсарон суҳбати самимӣ анҷом дода, аз ҳолу аҳвол ва имкониятҳои хизматии аскарӣ пурсон шуданд.

Қайд карда шуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомӣ барои адои хизмати ҳарбӣ тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, ҷавонони шуҷову далер бо сари баланд қарзи фарзандии худро адо менамоянд.

Таъкид гардид, ки бо хизмати содиқонаи фарзандони далеру шуҷоъ Ватани азизамон ободу зебо гардида, сокинони шарифу сарбаланди ноҳия мисли тамоми мардуми кишвари азизамон бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва рушди кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таҳти роҳбарии дурандешонаву некбинонаи Пешвои муаззами миллат ба дастоварду комёбиҳои бештар мушарраф гардида истодаанд.Юлдошзода Олимбек изҳори боварӣ кард, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат сарбозону афсарон бо сари баланд хидмати Ватанро иҷро карда, минбаъд ҳам дар пешрафту шукуфоии сарзамини аҷдодӣ саҳм хоҳанд гузошт.Барои қисмҳои низомӣ аз ҷониби роҳбарияти ноҳия барои кормандони фаъол сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, дастурхони идона ороста шуд.

Возможно, это изображение 6 человек и текст
Возможно, это изображение 12 человек
Возможно, это изображение 7 человек
Возможно, это изображение 4 человека и текст
Возможно, это изображение 6 человек и текст
Возможно, это изображение 6 человек