ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 17 майи соли 2026 дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек, маросими Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.

Ҳамчунин, дар чорабинии варзишӣ роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони сохторҳои гуногун, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорону хонандагон ва варзишгарон фаъолона ширкат варзиданд.

Мавриди зикр аст, ки чорабинии варзишӣ, марафони велосипедронӣ аз назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ва Дави миллӣ аз назди бинои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия оғоз ёфта, дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба анҷом расид.

Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек дар назди ширкаткунандагони мусобиқа суханронӣ карда, аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста нисбат ба рушди соҳаи варзиш зоҳир менамоянд ва дар фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷавонон саҳми беандоза мегузоранд, изҳори миннатдорӣ карданд.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки солҳои охир бо ташаббус ва саҳми беназири Президенти федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рушди варзиш ва дастгирии варзишгарон бениҳоят зиёд буда, ҳамчунин маҳз бо пешниҳоди муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамакнун Рӯзи ҷаҳонии Футбол дар тамоми кишварҳои олам бо шукуҳ таҷлил мегардад.

Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 “Дар бораи Рӯзи дави миллӣ” ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ доир мегардад, ки сол аз сол шумораи иштирокчиёни он меафзояд.

Дар яке аз баромадҳои худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муҳимияти варзиш хеле бамаврид қайд намуданд, ки: «Яке аз дастовардҳои азими башарият варзиш мебошад, ки аз қадимулайём то ба имрӯз ба хотири солиму тавоно нигоҳ доштани инсон ва таҳким бахшидани дӯстии халқҳо хизмат менамояд».

Машғул гардидан ба варзиш низ яке аз самтҳои муҳими фаъолият дар соҳаи кор бо ҷавонон ба шумор меравад. Бунёди иншооти варзишӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳам, чун саросари кишвари азизамон идома дорад.

Мутобиқи маълумоти оморӣ, дар ноҳия 94 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 5 мактаби варзишӣ,2 варзишгоҳ, 55 майдончаҳои варзишӣ, 29 толори варзишӣ ва 3 ҳавзи шиноварӣ фаъолият менамоянд.Боиси зикр аст, ки дастовардҳои ҷавонони ноҳия дар самти варзиш назаррас буда, дар семоҳаи якуми соли 2026 варзишгарони ноҳия дар намудҳои гуногуни варзиш дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ фаъолона иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, ки аз он дар мусобиқаҳои вилоятӣ 56 медали тилло, 34 медали нуқра ва 48 медали биринҷӣ, мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 2 медали тилло, 4 медали нуқра, 3 медали биринҷӣ ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бошад 9 медали тилло, 1 медали нуқра, ва 1 медали биринҷиро ба даст овардаанд, ки ин дастовардҳо ифтихори ҳар як сокинони ноҳия мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дастовардҳои варзишии ҳар як варзишгар, мураббиёни шоистаи ноҳия, ки имрӯз фахри мо мебошанд, дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд.Дави миллӣ, ки имрӯз дар доираи Рӯзи ҷавонони кишвар баргузор шуда истодааст, аз чорабиниҳои умумихалқӣ ба ҳисоб рафта, бештар аз 10 сол аст, ки дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлол оммавӣ шудааст.

Рушду инкишоф додани варзиш ва дар байни табақаҳои васеи омма густариш бахшидани он яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа мебошад. Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ҷавонони тоҷик аз ҷумла ҷавонон ва варзишгарони ноҳияи Ҷаббор Расулов аз уҳдаи иҷрои қарзи ватандорӣ ва фарзандии худ сарбаландона мебароянд, арзишҳои миллиро ҳифз мекунанд, амнияту оромии Ватани азизамонро шабу рӯз ҳимоя менамоянд ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири рушди Тоҷикистони биҳиштосоямон минбаъд низ саъю талош мекунанд.- иброз намуданд Раиси ноҳия.

Дар чорабинии варзишии дави миллӣ зиёда 5000 (панҷ ҳазор) нафар сокинони ноҳия ширкат варзиданд.Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ҷамъбаст гардида, ғолибону фаъолон аз ҷониби Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов қадрдонӣ гардиданд.