
Субҳи санаи 16 майи соли 2021 тибқи барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 12 майи соли 2021 бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз санаи 28 марти соли 2007, таҳти №225 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» бо иштироки раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дави миллӣ баргузор гардид. Дар мусобиқаи Дави миллӣ роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раиси Ҷамоатҳои шаҳрку деҳоти ноҳия, ашхоси касбу кори гуногун аз ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва омӯзгорони муассисаҳои таълимию касбӣ ва ҷавонони ноҳия ширкат варзиданд. Мусобиқа аз назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз оғоз гардида, дар масофаи наздики 4 километр то майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия идома гирифт. Бояд қайд намуд, ки мусобиқа баҳри таъмини солимии ҷомеа, омавияти варзиш ва таҳкими идеяи миллати солим ташкил карда шуда, сокинон дар он иштироки фаъолона нишон доданд. Дар мусобиқаи «Дави миллӣ» раиси ноҳияи суханронӣ намуда, дар охир ба ғолибон диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.






