Санаи 5 майи соли 2021 дар қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140, қарори раиси вилояти Суғд аз 10 марти соли 2021, №120 ва қарори раиси ноҳия аз 29 марти соли 2021, таҳти №279 «Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали ноҳиявии «Атласу адрас», бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ, бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ташкил ва баргузор гардид. Дар Фестивали мазкур муовини раиси ноҳия Муталибзода Зумрад Муталиб, ҳайъати ҳакамон ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд. Ҳамчунин дар Фестивали мазкур аз Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимию касбии ноҳия ҳамагаӣ 8 нафар тарроҳони беҳтарин аз Ҷамоати деҳоти Гулхона Одинаева Насиба, аз Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз Набиева Малоҳат, аз Ҷамоати шаҳраки Меҳробод Бурҳонова Маҳзуна, аз Ҷамоати деҳоти Деҳмой Мирҷумаева Тоҷинисо, аз Ҷамоати деҳоти Сомониён Раҳимбоева Нозима, аз Литсейи касбӣ-техникӣ Умарова Зарина, аз Коллеҷи муҳандисию омӯзгории ноҳия Раҳимбердиева Марғуба ва аз кӯдакистони хусусии «Нурафшон» Сатторова Садоқат иштирок намуданд. Тарроҳон аз рӯи шартҳои зерин қувваозмоӣ намуданд: – Беҳтарин либоси кӯдакона; – Беҳтарин либоси расмӣ; – Беҳтарин либоси идона; – Беҳтарин либоси миллии арӯсию домодӣ.Аз рӯи шарти «Беҳтарин либоси кӯдакона» ҷойи якумро тарроҳ Умарова Зарина, ҷойи дуюмро тарроҳ Сатторова Садоқат, ҷойи сеюмро тарроҳ Умарова Зарина. Аз рӯи шарти «Беҳтарин либоси расмӣ» ҷойи якумро тарроҳ аз Умарова Зарина, ҷойи дуюмро тарроҳ Набиева Малоҳат, ҷойи сеюмро тарроҳ Умарова Зарина. Аз рӯи шарти «Беҳтарин либоси идона» ҷойи якумро тарроҳ Одинаева Насиба, ҷойи дуюмро тарроҳ Бурҳонова Маҳзуна, ҷойи сеюмро тарроҳ Мирҷумаева Тоҷинисо. Аз рӯи шарти «Беҳтарин либоси миллии арӯсию домодӣ» ҷойи якумро тарроҳ Набиева Малоҳат, ҷойи дуюмро тарроҳ Раҳимбердиева Марғӯба, ҷойи сеюмро тарроҳ Бурҳонова Маҳзуна ба даст овард. Шоҳҷоизаи Фестивал озмуни ноҳиявии «Атласу адрас»-ро тарроҳ Умарова Зарина ба даст овард.Дар ҷамбасти Фестивали озмун муовини раиси ноҳия Муталибзода Зумрад Муталиб ба тамоми иштирокчиёни озмун барои иштироки фаъолонашон изҳору сипос намуд.Ҳамчунин ғолибони озмун аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.




