ФУТБОЛ – ВАРЗИШЕСТ, КИ ҶАҲОНРО МУТТАҲИД МЕСОЗАД – ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

Соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа ба шумор рафта, тарафдорони махсуси худро дорад. Боиси хушнудии ҷавонон аст, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар пайваста ба масоили дастгирии давлатии ҷавонон таваҷҷуҳҳои назаррас зоҳир мегарданд. Футбол аз ҳама намуди маъмул ва дӯстдоштатарини омма буда, механизми муҳим барои инкишофи ҷисмониву руҳӣ ва тарбияи шахс ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина, бо мақсади оммавият, тарғибу ташвиқи варзиш ва истиқбол аз “Рӯзи ҷаҳонии футбол” санаи 25 майи соли 2026 дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Раиси ноҳия, Раиси Федератсияи футболи ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек “Рӯзи ҷаҳонии футбол” таҷлил гардид.

Нахуст, Раиси ноҳия, Раиси Федератсияи футболи ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек кулли варзишгаронро бо пазируфта шудани ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба расман эълон гардидани “Рӯзи ҷаҳонии Футбол” таҳният гуфтанд.

Раиси ноҳия аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ёдовар шуда, аз ҷавонон ҷиҳати пайваста машғул шудан ба варзишро даъват ба амал оварданд. Дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, хосатан футбол таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Зеро футбол дар байни аҳли ҷомеа аз маъмултарин дӯстдоштатарин намуди варзиш буда, барои инкишофи ҷисмониву маънавӣ ва тарбияи шахс, аз ҷумла наврасону мо ҷавонон нақши муҳим дорад.

Гуфта шуд, ки Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 10 феврали соли 2024 пешниҳод намуданд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф карда шавад ва дар Созмони Милали Муттаҳид тавассути қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Рӯзи ҷаҳонии Футбол» расман эълон гардад.

Дар робита ба ин, рӯзи 7-уми майи 2024 зимни ҷаласаи 80-уми пленарии иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии футболро”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Баҳрайн ва Давлати Ливия таҳия ва пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд. Инчунин Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул кард, ки рӯзи 25 май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” эълон карда шавад, зеро соли 2024 садсолагии аввалин мусобиқаи байналмилалии футбол, ки бо иштироки намояндагони тамоми минтақаҳо дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1924 дар шаҳри Париж баргузор гардида буд, ҷашн гирифта мешавад.

Бо ифтихор метавон қайд намуд, ки дар солҳои охир таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириву ташаббусҳои арзишманди Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон — муҳтарам Рустами Эмомалӣ, футбол дар кишвар ба як марҳилаи нави рушд ворид шудааст.

Футбол яке аз варзишҳои муҳими ҷаҳон аст, ки мардумро бо забони ягона мепайвандад. Дар Тоҷикистон низ, ба шарофати иқдомоти стратегӣ ва ташаббусҳои арзишманди роҳбарияти кишвар, махсусан муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси шаҳри Душанбе ва шахсияти барҷаста, футбол дар сатҳи баланд рушд намуд ва обрӯи ҷаҳонӣ пайдо кард.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов низ дар партави ин сиёсати варзишпарварона, рушди футболро самти муҳим дар кор бо ҷавонон медонад ва тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то барои наврасону ҷавонон шароити мусоиди машқу тамрин, иштирок дар мусобиқаҳо ва имкони нишон додани маҳорати худ фароҳам созад.

Дар ин рӯзи муборак бори дигар ҳамаи Шуморо самимона табрик гуфта, ба варзишгарон, мураббиён, устодон, доварон ва мухлисони арҷманд комёбиҳои нав, муваффақиятҳои пайдарпай ва ифтихори баланд таманно менамоям – иброз намуданд Раиси ноҳия.

Футбол на танҳо як навъи варзиш, балки падидаи фарҳанги умумиҷаҳонӣ мебошад, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва фарқиятҳои иҷтимоиву иқтисодиро убур мекунад. Ин варзишест, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо як забони универсалӣ сухан мегӯяд — забоне, ки аз кӯчаҳои пурмухлиси шаҳрҳои бузург то деҳаҳои дурдасти ҷаҳон фаҳмо ва маъруф аст.

Аз ҷониби Раиси ноҳия барои ҳавасмандгардонии наврасон чун рамзи пешрафти варзиши футбол ва наврасону ҷавонон, ки дар раванди амалишавии сиёсати варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар сатҳи маҳал иштироки фаъолона менамоянд, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин тӯби футбол ба ифтихори “Рӯзи ҷаҳонии футбол” тақдим гардид.