ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БА ОҒОЗИ СОХТМОНИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ВА ҲАВЗИ ШИНОВАРӢ ДАР КӮДАКИСТОНИ № 6 “ГУЛШАН” ВОҚЕЪ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҒӮЛАКАНДОЗ

Дар пайравӣ ба иқдомҳои ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои шоистаи рушди варзиш миёни насли наврас дар шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулов амалӣ гардида, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳисоб меравад.
Бо чунин ҳошия санаи 11 январи соли 2025 Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек зимни сафари кории роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба сазовор истиқбол намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин ба Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳия ташриф оварда, ба сохтмони толори варзишии кӯдакона дар кӯдакистони №6 “Гулшан” санги асос гузоштанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, кӯдакистони №6 “Гулшан” воқеъ дар деҳаи Ғӯлакандоз ҷойгир буда, сохтмони толори варзишӣ ва ҳавзаи шиноварӣ дар ҳудуди кӯдакистон ҳамчун макони нерӯмандию солимӣ, маҳз ба хотири ташаккули ҷисмониву маънавӣ ва парвариши насли ҷавону навраси ҷомеа равона гардида, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсони саховатпеша, волидайну соҳибкорони маҳаллӣ то моҳи сентябри соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Ҷамшед вобаста ба шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои насли наврасу ҷавонон қайд кард, ки маҳз сохта ба истифода додани майдончаҳои варзишии наву замонавӣ ва дигар инфрасохтори соҳаи варзиш, ин самараи Истиқлолияту ваҳдати комили миллӣ мебошад.
Сипас, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сабзкориву ниҳолшинонӣ бо шинонидани ниҳолҳо кабудизоркуниву ободонӣ дар кӯдакистони мазкур оғоз бахшида шуд.