Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 12 апрели соли 2025 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳия санги асос гузоштанд.
Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек таъкид карданд, ки Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати пешрафти мактабу маориф, инкишофи илму маърифатро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ муайян намуда, баҳри ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар, такмили доираи моддӣ-техникии муассисаҳои соҳаи маориф пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Ҳамчунин аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас, баланд бардоштани сатҳу сифати донишомӯзии толибилмон тадбирҳои судманд ба нақша гирифта шуда, дар саросари кишвар амалӣ шуда истодааст.
Қайд гардид, ки синфхонаи иловагӣ дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳия барои зиёда аз 150 нафар хонандагон дар як баст пешбинӣ гардида, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва кумитаи падару модарону соҳибкорони ватанӣ сохта дар соли 2026 анҷом меёбад ва бахшида ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад.
Дар охир, Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек масъулини соҳаро вазифадор намуданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати аввалиндараҷа равона сохта, дар муҳлати муқарраргардида ҷиҳати ба истифода додан корбарӣ ба роҳ монда шавад.
