ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ АЗНАВСОЗИИ БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ БА НОМИ “АБДУҒАФУР САМАТОВ” ВОҚЕЪ ДАР ШАҲРАКИ МЕҲРОБОД

image_pdfimage_print

Санаи 7 апрели соли 2026 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек барои азнавсозии боғи фарҳангию фароғатии ба номи “Абдуғафур Саматов” воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Меҳробод санги асос гузоштанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки боғи мазкур бо дастгирии ҳамаҷонибаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва аз ҷониби ҶДММ “Шифо шоҳ” пурра азнавсозӣ мегардад.

Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек масъулини соҳаро вазифадор намуданд, ки ба сифати корҳо диққати аввалиндараҷа равона сохта, дар муҳлати муқарраргардида ҷиҳати ба истифода додан корбарӣ ба роҳ монда шавад.Бояд қайд намоем, ки имрӯзҳо бо мақсади бо дастовардҳои арзанда ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни пуршукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулов корҳои сохтмонию азнавсозӣ бомаром идома доранд.

Симои ноҳияи Ҷаббор Расулов дар қатори дигар шаҳру навоҳии кишвар дар партави сиёсати созандагиву иқдомҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои бевоситаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ва талошҳои сокинони шарафмандаш, торафт намои тоза касб карда, соҳаҳои хоҷагии халқ рушду равнақ карда истодааст.