ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ЗАМОНАВӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҒӮЛАКАНДОЗ

image_pdfimage_print

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 11 январи соли 2025 Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек бо роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин ба сохтмони бинои нави муассисаи таълимии замонавӣ воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳия санги асос гузоштанд.
Сипас, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Ҷамшед таъкид карданд, ки Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати пешрафти мактабу маориф, инкишофи илму маърифатро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ муайян намуда, баҳри ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар, такмили доираи моддӣ-техникии муассисаҳои соҳаи маориф пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Ҳамчунин аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас, баланд бардоштани сатҳу сифати донишомӯзии толибилмон тадбирҳои судманд ба нақша гирифта шуда, дар саросари кишвар амалӣ шуда истодааст.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави муассисаи таълимии мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар ду баст барои 800 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.
Сохтмони бинои муассисаи таълимӣ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин бо дастгирии соҳибкорону шахсони саховатпешаи деҳа сохта ба истифода дода мешавад.
Бояд зикр кард, ки наврасону ҷавонони деҳа барои таҳсил кардан то имрӯз зиёда аз 3 километр роҳро тай карда аз рафту омад ба мактаб танқисӣ мекашанд ва ҳангоми ба истифода суопридани муассисаи таълимии нав ин муаммо барои хонандагони деҳа пурра бартараф карда мешавад.
Қайд гардид, ки сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ соли 2026 анҷом ёфта, бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.
Дар охир, Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек масъулини соҳаро вазифадор намуданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати аввалиндараҷа дода, дар муҳлати муқарраргардида ҷиҳати бо сатҳу сифати баланд ба истифода додани мактаби мазкур корбарӣ карда шавад.