Хатари терроризм ба фазои оромӣ

image_pdfimage_print

Дар тӯли 31-солагии Истиқлоли худ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю кӯшишу заҳматҳои халқи тоҷик дастовардҳои назаррасро ба даст овард, ки имрӯз якчанд гурӯҳҳои мухолифин ва иғвоангези террористӣ ва эктремистӣ ба ҳамин дастовардҳои кишвар, рукнҳои давлатдорӣ таҷовуз намуда истодааст.
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки мақсади асосии ин гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ дар зери дини мубини ислом дар байни аҳолии кишвар барангехтани кинаю адоват, ҷудойиандозӣ аз рӯйи миллат, нажод, мазҳаб, дин ва дар асоси он халалдор сохтани сохти конститутсионӣ, ба даст овардани ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Аммо, дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум, тавозеъ, дӯстӣ ва сулҳ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварию куштор ва тафриқаандозиро маҳкум месозад.
Бинобар ин терроризм ва экстремизмро бо дини ислом пайванд додан хатои маҳз аст.
Айни ҳол дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон шабакаҳои иҷтмоӣ хеле инкишоф ёфтааст, ки бо воситаи он ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ метавонад дар байни сокинони аҳолӣ маълумотҳои худро бемамониа паҳн намуда, онҳоро ба худ ҷалб намоянд.
Мо имрӯз хуб дарк намоем, ки халқи тоҷик сари ҳар қадам ҳадафу ҳамлаю ҳуҷуми манфиатҷӯёни беруна қарор гирифта истодааст, ки дар байни онҳо бо амалҳои муғризона ва бадхоҳонааш хатман фарзандони худфӯруши хиёнаткори миллати худамон низ ҳастанд.
Пас, мо набояд ба фиреби чунин ашхоси ватанфурӯши душманони хунуне, ки дар оғуши модар-ватани азиз ба воя расидаанд биафтем.
Зеро, чихеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки: “мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки террористро ба худӣ ва бегона, ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре, ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин мазҳаб ва миллат надорад.”Моро зарур аст, ки ҳушёрии зиракиро аз даст надода, ба муқобили ин гуна хоинони Ватан якҷоя мубориза барем.
Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси
ноҳияи Ҷаббор Расулов МИРАХМЕДОВА Шоҳсанам