ХИЗМАТ БА ВАТАН – САДОҚАТ, ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! – Гусели ботантанаи наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Ҳар як фарди ҷомеа, бахусус ҷавонон, бояд дарк намоянд, ки хизмати ҳарбӣ – ин мактаби ватандӯстиву ҷасорат, садоқату мардонагӣ ва масъулиятшиносӣ нисбат ба тақдири халқу Ватан мебошад.”

Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 2 апрели соли 2026 дар саҳни Қасри фарҳанги “Гулистон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек маросими сафарбарнамоии ҷавонони ихтиёрӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Инчунин, дар маросими сафарбарнамоӣ муовинони Раиси ноҳия, роҳбарон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоату шаҳраки ноҳия, наваскарони ихтиёрӣ ва падару модари онҳо, собиқадорон, наврасону ҷавонон, фаъолони ноҳия ва шахсони дахлдор ширкат варзиданд.

Нахуст, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек суханронӣ намуда, зимнан кулли иштирокдорони чорабинӣ, падару модарон ва ҷавонони ихтиёриро ба муносибати Рӯзи даъватшаванда, самимона табрику шодбош гуфта, дар радифи аввал ба наваскарон хизмати хубу бобарорро ба нафъи давлату миллат таманно намуданд.

Боиси сарфарозист, ки имрӯз барои сокинони шарафманди ноҳияамон рӯзи хотирмон ва фараҳбахш аст. Чунки дар ин рӯзи бошукуҳ бо шукргузорӣ аз ватандорию ҳуввияти миллӣ, Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, осмони софу беғубор, фазои ороми ҷумҳурӣ ҷавонони шуҷоатманди ноҳия ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда мешаванд.

Хизмат ба Ватан ин шараф ва қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмард аст, ки имрӯз зиёда аз 130 нафар ҷавонони ватандӯсти ноҳия ба хизмати Ватан – Модар камар бастааст.Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо эътимоду боварӣ ба Шумо, наслҳои созандаи кишвар, ҷавонони ватандӯсту шуҷоъ муроҷиат кардаанд:

«Ҳар яки Шумо бо хизмати содиқонаи худ бояд исбот намоед, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд…»

Итминони комил дорам, ки ҳар яки Шумо ба ин боварии Сарвари Олии кишвар сазовор ҳастед ва содиқона, бо сари баланд хизмати Модар – Ватанро ба ҷо меоред. Ба ин майдони пуршукуҳ ва хиёбони шуҷоатмандону қаҳрамонон шумоёнро меҳри Ватан ва имони ватандорӣ овардааст!

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар ду марҳила даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба сокинон, падару модарон, фаъолон ва ҷавонони шуҷои ноҳияи Ҷаббор Расулов миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро изҳор менамоям.

Итминони комил дорам, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Ҷаббор Расулов минбаъд низ бо шукргузорӣ аз чунин Пешвои ғамхори миллат, Истиқлолият, Ватани ободу озод барои рушду шукуфоӣ, пойдории сулҳу субот ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон талоши бештар менамоянд.

Афзудани шумораи даъватшавандагони ихтиёрӣ аз ҳисоби ҷавонони бонангу номуси ноҳия ифодагари он аст, ки насли ҷавон аз ғамхориву дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тоза гирифта, бо амри дилу виҷдон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайванданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ таъкид доштанд, ки дар марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён – аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба вобастагӣ дорад.

Ҳар афсару сарбоз ва ҳар ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад ва Савганди ҳарбӣ ёд мекунад, ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ, пеш аз ҳама, иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд.

Боварӣ дорам, ки Шумо сарбозони шуҷои кишвар ба Савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо менамоед. Албатта, баъди адои хизмат бо сари баланд ва камолоти маънавию ҷисмонӣ ба таҳсил, омӯзиш ва кору рафтори созанда машғул мешавед. Дар ин фурсати муносиб Шуморо аз номи тамоми сокинони шарафманди ноҳия ба хизмати Модар – Ватан гусел намуда, роҳи сафед орзумандам ва боварии комил дорам, ки даъватшудагон бо хизмати босадоқату шарафманд дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ саҳми худро мегузоранд. – иброз доштанд роҳбари ноҳия.

Сипас, Раиси шӯрои собиқадорони ноҳия Одилзода Рустам, волидайни даъватшаванда, аскари қисми ҳарбии ноҳия, даъватшавандаи ихтиёрӣ суханронӣ намуданд.

Баъдан, чун анъана маросими нонгазон баргузор гардида, модарон бо нияти нек ба фарзандонашон хизмати содиқонаро таманно намуданд.

Дар қисми фарҳангии маросими гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ санъаткорони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барномаи рангини фарҳангиро бо сурудҳои ватандӯстона манзури иштирокчиён намуданд.

Сипас, дар тарабхонаи “Зарифа” барои даъватшавандагон дастархони идона ороста шуд.