Хизмат ба Ватан шараф аст

image_pdfimage_print

Санаи 1-уми октябри соли 2020 дар назди қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов маросими гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ раиси ноҳия Тоҳир Қудратзода, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва даъватшавандагону волидайни онҳо иштирок намуданд. Дар баромади раиси ноҳия таъкид гардид, ки ҷавонони ноҳия ба анъанаҳои сарбозони шуҷои-падару бобоёни худ содиқ монда, дар сафи Артиши миллӣ ҷасурона хизмат хоҳанд намуд. Баъди суханронии раиси ноҳия волидайни даватшаванда аз Ҷамоати деҳоти Деҳмой бо шараф баромад намуда, қайд кард, ки ман имрӯз ифтихор аз он дорам, ки фарзанди ман ба ҳимояи марзу буми Ватани азизамон камар бастааст. Дар ҳақиқат хушбахттарин модар ҳастам. Сипас даъватшаванда Зиёев Беҳрӯз аз Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз баромад намуда, қайд намуд, ки хизмат ба Ватан ин шараф ва қарзи ҳар як ҷавонмард мебошад. Ҳамчунин иштирокчиёни ин чорабини ва ҷавонони ноҳияро даъват намуд, ки барои ҳимояи Ватан, ки ин барои ману шумо муқаддастарин вазифаи мардонагист,  камар банданд. Чунки ҳимояи Ватан, модар, хоҳар ин танҳо вазифаи ҷавонмардон аст. Сипас баҳри болидахотирии аҳли нишаст барномаи фарҳангӣ пешкаши тамошобинон гардид. Ҳамзамон зиёда аз 70 нафар даъватшавандагон бо садоҳои пуршукӯҳи карнайу сурнай ба сафи Артиши миллӣ раҳсипор шуданд. Чорабинии мазкур дар руҳияи баланди сиёсӣ доир гардид.