Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов, даъвати шашум

image_pdfimage_print

Санаи 28 майи соли 2021 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.Дар кори иҷлосия вакилони халқи ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва шахсони ба масъалаи иҷлосия дахлдор ширкат варзиданд. Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби котиботи маҷлис иҷлосия ба кори худ шурӯъ намуд. Дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум ду масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд:1. Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 30 декабри соли 2020 №41 “Дар бораи қабули буҷети ноҳияи Ҷаббор Расулов барои соли 2021”;2. Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳия оид ба тағйироти ҳайати кадрӣ;Аз рӯи масъалаи якум сардори Раёсати молияи ноҳияи Ҷаббор Расулов Каримзода Насим баромад намуда, дар бораи зарурати тағйиру илова ворид намудан ба буҷети ноҳия маърӯза кард. Аз рӯи масъалаи дуюм, қарорҳои раиси ноҳия қироат карда шуданд. Тағйироту иловаҳо ва қарорҳои пешниҳодшудаи раиси ноҳия аз ҷониби вакилони халқи ноҳия тасдиқ карда шуданд ва иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум ба кори худ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дод.