Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон поягузорӣ рушди давлатдорӣ

image_pdfimage_print

Санаи 27 октябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов конфренсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷумани тақдирсоз!” баргузор гардид.
Дар конфренсияи мазкур муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Муталибзода Зумрад Муталиб, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, аъзоёни Шӯрои ҳаракати ҷамъияти ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, директорони муассисаҳои таълимӣ, занону ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок намуданд.
Муталибзода Зумрад Муталиб кори конфренсияро ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар яки мову шумо аст, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои мамлакатамон ба маротиб зиёд гашта, сулҳу ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ дар тамоми қаламрави кишварамон побарҷост.
Конфренсияи имрӯзаи мо бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.
Маҳз ана ҳамин Иҷлосия дар қатори қабули дигар қарорҳои созандааш сиёсатмадори бузургро дар шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо ва ба миллати азияткашидаи тоҷик эҳдо намуд.
Сипас, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Абдусаминов Абдуҳаким, муовини озоди Шӯрои ҳаракати ҷамъияти ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Раҳматуллоев Садриддин баромад намуданд ва зимни баромади пурмуҳтавои худ оид ба мавзӯи конфренсия суханронӣ намуданд.Инчунин дар конфренсияи мазкур аз ҷониби мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Султонзода Бахтиёр Султон ба саҳми иштирокчиёни конфренсия муроҷиатномаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат расонида шуд.
Дар охир Муталибзода Зумрад Муталиб ҳамаи иштирокчиёни конфренсияро бо муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, барояшон хушбахтии ҷовидона таманно намуд.