Соҳаи кишоварзӣ манбаи асосии истеҳсоли маҳсулоти озуқа ва ашёи хоми саноатӣ ба ҳисоб меравад. Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 25 ноябри соли 2025 дар назди Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавӣ ва қадршиносии ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ баргузор шуд.Дар чорабинӣ ба ноҳияҳое, ки нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд, электромобилҳои муосир тақдим гардид.Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ, диққати махсус зоҳир менамояд.
Истифодаи усулҳои нави инноватсионӣ, тухмиҳои серҳосил ва риояи қоидаҳои агротехникӣ имкон дод, ки пахтакорони Суғд соли равон дастовардҳои худро афзоиш диҳанд.Зикр гардид, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалишуда ва меҳнати содиқонаи кишоварзон ноҳияҳои Спитамен, Ашт, Мастчоҳ, ҶАББОР РАСУЛОВ ва Бобоҷон Ғафуров тавонистанд нақшаи истеҳсоли пахтаро пурра иҷро намоянд. Қаблан, дар ҷамъбасти даври сеюми мусобиқаи меҳнатӣ ба ноҳияи Спитамен автомашинаи сабукрав тақдим гардида буд. Ин дафъа бошад ба раисони ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ, ҶАББОР РАСУЛОВ ва Бобоҷон Ғафуров дар фазои тантанавӣ электромобилҳо супорида шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки зафармандии ноҳияи ҶАББОР РАСУЛОВ натиҷаи азму талоши деҳқонон, хоҷагидорон, ҳашарчиён ва дастгирии пайвастаи Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек мебошад. Ҳамбастагӣ ва заҳмати содиқонаи масъулину кишоварзон ва ҳашарчиёни ноҳияи Ҷаббор Расулов имкон дод, ки нақшаи гузошташуда амалӣ гардад.





