ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР КӮДАКИСТОНИ №23-И ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҒӮЛАКАНДОЗ

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сазовор таҷлил гирифтани 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов якчанд толору майдончаҳои зебову замонавии варзишӣ мавриди истифода қарор дорад.

Бо чунин ҳадаф санаи 12 июни соли 2026 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дар кӯдакистони рақами 23-и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳия майдончаи варзишии замонавиро ифтитоҳ бахшиданд.

Сохтмони майдончаи варзишии мазкур соли 2025 оғоз гардида, айни ҳол корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расонида шудааст. Майдончаи варзишии кӯдакистони рақами 23-и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз барои бозии футболи кӯдакон пешбинӣ карда шуда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бо ташаббуси волидайн бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дарозии майдончаи варзишӣ 30 метр, паҳноияш 13 метр буда, масоҳати умумии он 390 метри мураббаъро дар бар мегирад. Маврид ба зикр аст, ки кӯдакистони рақами 23-и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз бо шароити мусоид таъмин буда, дар он зиёда аз 200 нафар тарбиятгиранда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар умум 45 коргар – 10 нафар омӯзгор фаъолият мекунанд.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед зимни баромади хеш қайд намуданд, ки сиёсати созандагию бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар, хусусан ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки соҳаи варзиш дар кишвар аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои аввалини худро аз таъсису барқарор намудани мактабҳои варзишӣ, баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз сари нав оғоз намуданд.

Ташкилу ифтитоҳи чунин майдончаҳои варзишӣ на танҳо дар тамоми кӯдакистону муассисаҳои ноҳия, идомаи сиёсати варзишпарваронаи Сарвари давлат аст.Дар фарҷом аз ифтитоҳи боз як иншооти варзишӣ-фарҳангӣ аз ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони хушбахти даврони соҳибистиқлол суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.