ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ РАҚАМИ 1-И ШАҲРАКИ МЕҲРОБОДИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8 апрели соли 2025 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода майдончаи барҳавои варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Майдончаи варзишӣ барои бозии футбол пешбинӣ карда шуда, бо ташаббуси волидайни хонандагон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардидааст. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он ҷавонон ва варзишгарони муассисаи мазкур имкон пайдо намуданд, ки бештар ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд.Иттилоъ дода шуд, ки дарозии майдончаи варзишӣ 40 метр, паҳноияш 20 метр буда, масоҳати умумии он ба 800 метри мураббаъ баробар аст.
Гуфта шуд, ки дар майдончаи варзишии мазкур маҳфили футбол барои духтарон низ ҷараён гирифта, оянда барои тамрини духтарон футболбозон дар муассисаи мазкур шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад.Майдончаи варзишӣ дар умум бо харҷи зиёда аз 250 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ ба пуррагӣ ба анҷом расонида шудааст.
Зимни суҳбат бо варзишгарон таъкид карда шуд, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии кишвар оид ба рушди соҳаи варзиш дар самти сохтмони толору майдончаҳои варзишӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Сипас, Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба варзишгарону футболбозон мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳои варзишӣ тақдим карданд.Ҳамзамон таъкид намуданд, ки дар ҷаҳони муосир яке аз омилҳои муҳими муаррифии давлату миллат варзиш мебошад, аз ин рӯ, Шумо ҷавонон бо истифода аз шароиту имконияти фароҳамгардида дар самти тарбияи ҷисмонӣ бештар ба варзиш машғул шавед ва тарзи ҳаёти солимро пеша намоед.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ифтитоҳи чунин як майдончаи замонавии варзишӣ шавқу ҳаваси наврасону ҷавони ноҳияро ба тарзи ҳаёти солим боз ҳам бештар менамояд.