Конференсияи XXXV ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

image_pdfimage_print

Санаи 26 июли соли 2022 Конференсияи ХХХV ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид. Дар кори Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ, 83 нафар вакилони интихобшуда ва 60 нафар таклифшудагон иштирок намуданд.Нахуст меҳмонон бо намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони ноҳия ва фаъолияти ТИ ҲХДТ «Фарҳанг» шинос гардиданд.Дар кори Конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:1. Ҳисобот оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022.2. Ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов3. Интихоби аъзоёни нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия4. Интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов5. Интихоби вакилон ба Конференсияи XV Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд6. Масъалаҳои ҷорӣАз рӯи масъалаи якум раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда баромад намуд.Дар қисмати музокираи Конференсия Раҳмонов Ҷонибек – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия, Комилов Баёт – вакил аз ТИ ҲХДТ «Гулхона», Валиматова Муҳайё – вакил аз ТИ ҲХДТ «КАТС» ва Алиева Майрамой вакил аз ТИ ҲХДТ «Деҳмой» баромад намуда, фаъолияти 2,5-солаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро қаноатбахш ҳисобиданд.Аз рӯи масъалаи дуюм раиси комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳия Раҳматуллоев Садриддин баромад карданд. Аз рӯи масъалаи сеюм ва чоруми Конференсия оид ба интихоби ҳайати нави КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иборат аз 29 нафар ва интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳия иборат аз 5 нафар аз тарафи вакилони Конференсия тасдиқ гардид.Оид ба масъалаи панҷуми Конференсия оид ба интихоби вакилон ба конференсияи XV ҳисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд иборат аз 29 нафар аз ҷониби вакилон тасдиқ карда шуд.Сипас, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар хусуси пешрафту фаъолияти назарраси КИ ҲХДТ дар ноҳия суханронӣ намуда, оид ба баъзе камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид доданд.Инчунин Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ низ дар назди ҳозирин баромад намуда, зикр карданд, ки ҳизбиён дар бурдани корҳои тарғиботӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ якҷоя амал менамоянд. Пас аз итмоми кори конференсия нахустин маҷлиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, ки аз нав интихоб шуд, баргузор гардид, ки дар он танҳо ду мастъала – интихоби ҳайати нави раёсат ва масъалаи ташкилӣ муҳокима гардид.Аз рӯи масъалаи якум раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иборат аз 9 нафар тасдиқ гардид.Бо розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Набиев Шерзод Шавкатович интихоб карда шуд.Дар фарҷоми кори Конференсия ба як қатор фаъолони ҳизб Сипосномаи КИМ ҲХДТ, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов супорида шуданд.