ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

image_pdfimage_print

Дар таърихи давлати соҳибистиқлоламон ҳамасола санаи 6 ноябр ҳамчун рӯзи қабули санади сарнавиштсози давлату миллат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана таҷлил мегардад.

Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Бо ин муносибат санаи 5-уми ноябри соли 2024 дар қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов барои таҷлили «Рӯзи 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил гардид.Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони соҳаи маориф, собиқадорону ҷавонони ноҳия ва дигар таклифшудагон иштирок намуданд.

Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек иштирокчиёнро ба муносибати «Рӯзи 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрик намуданд.Таъкид гардид, ки қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рўйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад.Конститутсия ин шакли ифодаи иродаи мардум ва воситаи амалисозиву кафолати ин ирода мебошад. Ин ҳуҷҷатест, ки дар он иродаи мардум, принсипҳо ва меъёрҳои асосии ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ муқаррар мегардад.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муҳтарам Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин сардори сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ин муносибат манзури иштирокдорон гардонид.

Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ як чанд фаъолони ноҳия, собиқадорон ва намояндаҳои соҳаҳои мухталифи ноҳия, иштирокчиёни сохти конститутсионӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардиданд.

Дар идома барномаи фарҳангӣ манзур гардид, ки ба чорабинӣ ҳусни тафовут эҳдо намуд.

Возможно, это изображение 2 человека
Возможно, это изображение 4 человека и текст
Возможно, это изображение 5 человек, помост и текст
Возможно, это изображение 3 человека, помост, отдел новостей и текст
Возможно, это изображение 3 человека и текст
Возможно, это изображение 4 человека и текст
Возможно, это изображение 4 человека и текст
Возможно, это изображение 3 человека, отдел новостей и текст
Возможно, это изображение 5 человек и текст
Возможно, это изображение 5 человек, отдел новостей и текст
Возможно, это изображение 5 человек и текст
Возможно, это изображение 4 человека и текст
Возможно, это изображение 3 человека и текст
Возможно, это изображение 3 человека и текст
Возможно, это изображение 4 человека и помост
Возможно, это изображение 6 человек
Возможно, это изображение 7 человек
Возможно, это изображение 8 человек
Возможно, это изображение 13 человек, скрипка, помост и текст
Возможно, это изображение 6 человек, люди танцуют, скрипка и текст
Возможно, это изображение 8 человек, кларнет, скрипка, помост и текст
Возможно, это изображение 6 человек, люди танцуют и текст