Маҳфили адабӣ – мусиқӣ

image_pdfimage_print

Санаи 15 майи соли равон дар қасри фарҳанги ба номи “Гулистон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов маҳфили адабӣ – мусиқӣ бахшида ба 80 солагии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев ташкил ва гузаронида шуд.Дар маҳфили мазкур муовини раиси ноҳия Муталибзода Зумрад Муталиб, сардори Раёсати фарҳанги вилоят Қосимов Бахтиёр Иброҳимович ширкат варзида, таманниётҳо ва туҳфаҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Қудратзода Тоҳир Толибиро ба соҳибҷашн тақдим намуданд.Сипас, аз ҷониби ҳунармандон қисми бадеии маҳфил пешкаш гардид.