МАҶЛИСИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ БАРГУЗОР ГАРДИД

image_pdfimage_print

Ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода санаи 7 апрели соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов маҷлиси машваратии назди Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек оиди соҳаи кишоварзӣ, хусусан кишти баҳорӣ ва пахта доир гардид.

Ҳамчунин, дар маҷлиси машваратӣ, муовини якуми Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, раисони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ва шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Дар маҷлиси машваратии назди Раиси ноҳия масъалаҳои вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳмгузорӣ дар корҳои бунёдкорӣ, оид ба рафти кишти зироатҳои баҳорӣ хусусан пахта дар ноҳия, рафти кишти пунбадона, ҷамъбасти кишти картошкаи барвақтӣ, дар сатҳи баланд ва бо нишондиҳандаҳои хуб ҷамъбаст намудани семоҳаи аввали соли 2026, иҷроиши сифатноки нақшаи моҳона ва семоҳаи андоз, мақсаднок сарф намудани маблағҳои буҷетӣ, истифодабарии оқилонаи замин ва дигар масъалаҳои ҷорӣ муҳокима гардиданд.

Нахуст, Раиси ноҳия ибрози андеша намуда, зикр карданд, ки татбиқи пайгиронаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқавории кишвар ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳои деҳқонӣ на танҳо барои таҳкими иқтисодиёти миллӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум аҳамияти муҳим дорад, балки заминаи боэътимод барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ низ ба шумор меравад.

Роҳбари ноҳия ба масъулин супориш доданд, ки иҷрои вазифаҳои гузошташударо таҳти назорати қатъӣ гирифта, бо ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳо корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, барои расидан ба ҳадафҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия тадбирҳои амалӣ андешида, бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва шароитҳои муҳайёгардида кишти пахтаро бояд дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба анҷом расонанд.

Таъкид гардид, ки бояд ҳар яки мо барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ ободу зебо кардани маҳаллу ҷойи зист ва ҳар канори ноҳия сарҷамъ бошем ва ҷаҳду талош намоем ҳамчунин дар таҳкими сулҳу субот, оромии кишвар ва сазовор истиқбол намудани 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намоем.

Бо ҳамин маҷлиси машваратии назди Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ба анҷом расид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов минбаъд низ таҳти роҳбарии Раиси ноҳия ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва иҷрои нақшаи дурнамои кишти зироатҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва пешниҳод гардидааст босифат таъмин намудан аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебаранд.