МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

Санаи 11-уми августи соли 2020 дар қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов «Машварати августии кормандони маорифи ноҳия» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия муҳтарам Қудратзода Тоҳир Толибӣ, муовини Раиси ноҳия муҳтарам Муталибзода Зумрад Муталиб, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Каримова Сафия Рустамовна иштирок намуданд. Ҳамчунин дар чорабинӣ роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони кумитаҳои падару модарони муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд. Дар машварати корӣ як масъала дар мавзуи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маорифи кишвар» баррасӣ гардид. Оиди масъалаи мазкур раиси ноҳия муҳтарам Қудратзода Тоҳир Толибӣ оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, иҷрои дастуру ҳидоятҳои маънавии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таълиму тарбияи насли наврас, саҳмгузорӣ баҳри вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар назди аҳли маориф вазифаҳои мушаххас гузошт. баҳри баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия тамоми кӯшишу ғайрати худро равона намоянд. Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳои истифода баранд. Пеш аз ҳама дар партави эълони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» сатҳи тафаккури техникию ихтироъкорӣ ва забондонии шогирдонро тақвият бахшанд, таъкид намуд, раиси ноҳия Тоҳир Қудратзода.Инчунин дар давоми чорабинӣ барои фаъолони соҳаи маорифи ноҳия барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо тӯҳфаҳо ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.Машварати августии кормандони маорифи ноҳия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва анҷом ёфт.