Мо, модарон ҷонибдори сулҳ ҳастем

image_pdfimage_print

Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост.

Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман Модар яктост, Тоҷикистон яктост!
Оре, ҳақ бар ҷониби шоир! Дарҳақиқат, ҳар дона регу ҳар санги Ватан бароямон бисёр азиз аст. Зеро инсон дар он ҷо ба дунё меояду ҳамчун шахсият ба воя мерасад.
Обод кардану муҳофизат намудани Ватан вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд мебошад. Чун ин тавр аст, мо ҳамчун модар фарзандони худро бояд омӯзонем, то Ватанро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд, барои гулгуншукуфии он ҳиссагузор бошанд.
Дар урфият мегӯянд, ки «Аз хешованди дур ҳамсояи наздик беҳтар аст». Монанди чунин гуфтаҳо ниҳоят бисёр мебошад, аз ҷумла «Хона магир, ҳамсоя гир», «Ҳамсояат тинҷ, ту тинҷ», ва ғайраҳо мисол овардан мумкин аст. Барои инсон аз саломатӣ ва хотири ҷамъ дигар муҳимтар чиз нест.
Барои хотирҷамъона зиндагӣ кардани кулли мардуми Тоҷикистон чӣ бояд кор кард?
Мо модарон ҳамеша тарафдори сулҳу субот ҳастем. Дар дунё овози тир нест шавад. Шукри беҳад холиқеро, ки дар давлати мо сулҳу ваҳдат барқарор аст. Илоҳо, чунин осоиштагӣ ҷовидона бод! Ҳамаи давлатҳои ҷаҳон бародарона, оромона, хотирҷамъоан арзи ҳастӣ намоянд. Задухурдҳои мусаллаҳона, ки санаҳои 14-17 сентябри соли равон ба сари сокинони чанд деҳаҳои назди сарҳадии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд рӯзҳои сахти нангинро оварда, ягон нафарро бетараф нагузоштааст ва дарки он аз нишонаи қавии имони ҳар муъмину мусалмон аст ва асос дар ин лаҳзаҳои барои миллат ниҳоят ҳассос ба хуби дарк кардем, ки миллати мо дар ҳақиқат зери Парчами миллат ва дар атрофи Пешвои муаззами худ муттаҳид асту қадамҳояш ниҳоят ва ниҳоят устувор ва барои исботи ин сухансари худробардошта назар кардан кифоя аст. Дар зардухӯрдҳои мусаллаҳона чӣ қадар нафарон ҷароҳатҳои гуногун бардоштанду ва боз ҳам чӣ қадар азизон дар ҳимояи хоки Ватан ҷоми шаҳодатро чашиданд.
Баҳри дифои Ватан чунин қаҳрамониҳо барои насли наврас дарси ибрат ва мояи ифтихору ҷавонмардӣ мебошад. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳеҷ кас нооромии вазъиятро намехоҳад. Мо бояд ҳусни ҳамсоядорӣ ва ҳамдигарфаҳмию муносибати бародаронаро риоя намоем. Дар зери Парчами миллат муттаҳид бошем.
Мо, занони тоҷик ба бонувони модарони қирғиз муроҷиат карда мегӯем, ки барои ояндаи дурахшони фарзандони Тоҷикистону Қирғизистон барои муътадил гаштани вазъ дар сарҳадҳо саҳмгузор бошанд.
Зеро, Саъдии Шерозӣ низ дар як шеъраштамоми аҳли оламро ба муттаҳидшавӣ даъват намуда, чунин фармудааст:
Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд,
Чун узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи
ноҳияи Ҷаббор Расулов НАЗИРА Тошпӯлотова