МУҶАҲҲАЗГАРДОНИИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ БО ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН ПУРРА БА ИТМОМ РАСОНИДА ШУД.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд корҳои муайянсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон пурра ба анҷом расид.

Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ, ки дар доираи татбиқи сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, барои таҳкими амнияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, рушди муносибатҳои дӯстона ва таъмини зиндагии осоиштаи сокинони ноҳияҳои наздимарзӣ аҳамияти бузург дорад.

Ба муносибати анҷоми корҳои муайянсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии сарҳади давлатӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Муродалӣ Раҷабзода, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек, намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинон ва фаъолони ноҳия, инчунин дигар шахсони масъул чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Таъкид гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин талошҳои пайвастаи комиссияҳои байниҳукуматии ду кишвар, масъалаи муайянсозии сарҳади давлатӣ, ки тӯли даҳсолаҳо яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мерафт, пурра ҳалли худро пайдо намуд.

Қайд гардид, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон хатти сарҳади давлатӣ пурра муайян гардида, дар минтақаи ноҳияи Ҷаббор Расулов беш аз 52,1 километр сарҳад бо насби аломатҳои сарҳадӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Иброз гардид, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайянсозии пурраи сарҳади давлатӣ пас аз имзои Эъломияи Хуҷанд, ки бо иштироки роҳбарони се давлати дӯсту бародар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки моҳи марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд ба имзо расид, муаммои садсолаи сарҳад дар минтақа ҳал гардид ва ба дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон заминаи мусоидро фароҳам овард.

Нақши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ баланд арзёбӣ гардида, баромадкунандагон иброз доштанд, ки Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ натанҳо ҳуҷҷати сиёсӣ, балки паёми сулҳу дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ба тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аст. Имрӯз миллати тоҷик ифтихорманду сарфароз ва хушбахт аз он аст, ки роҳбару роҳнамои хирадманду оқил, сулҳофару адолатпаноҳ, ғамхору меҳрубон, фарзанди фарзонаи миллат, абармарди таърих ва сиёсат – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дорад.

Зикр гардид, ки Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ баҳри ҳифзи дахлнопазирии марзи давлатӣ, таъмини амнияти кишвар ва иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ фаъолияти худро боз ҳам тақвият хоҳанд бахшид.Пурра муайянсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди вилояти Суғд ҳамчун дастоварди муҳими таърихӣ арзёбӣ гардида, барои таҳкими сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва таъмини зиндагии осоиштаи сокинони ноҳияҳои ҳамсарҳад заминаи устувор фароҳам овард.

Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор афсарону сарбозон, намояндагони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъуле, ки дар корҳои муайянсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии сарҳади давлатӣ саҳми арзанда гузоштаанд, туҳфаҳои хотиравӣ, ва нишонҳои сарисинагӣ тақдим карда шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ барои болидаруҳии иштирокчиён барномаи бошукуҳи фарҳангӣ бо иштироки аҳли ҳунари ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд пешкаш гардида, суруду таронаҳои ватандӯстона, тараннумгари сулҳ, ваҳдати миллӣ ва дӯстии халқҳо фазои идонаро боз ҳам шукуҳмандтар намуд.