Санаи 6 феврали соли 2025 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек бо сокинон, фаъолон ва кишоварзони деҳаи Тоҷикободи Ҷамоати Гулхонаи ноҳия мулоқот намуданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти босамари соҳаҳои маориф ва илм дар самти баланд бардоштани сифати таълими тарбияи кӯдакону наврасон тарбияи онҳо бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасони дар соҳаҳои фарҳангу тандурустӣ, ташкил намудани корхонаҳои хурду калони саноатӣ ва дар ин замина баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат, тарбияву омода намудани мутахассисони ҷавон, бартараф намудани камбудиҳо ҷиҳати норасоии кадрҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва дигар ҳидоятҳои Сарвари давлатро ба самъи сокинони деҳаи Тоҷикобод расонида, ибрози ақида намуданд.
Ҳамчунин Раиси ноҳия ба кишоварзону фаъолони ноҳия барои истифодаи самараноки заминҳои корами обӣ, иҷро ва риояи дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ ва оқилона истифода бурдани қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ дастуру супоришҳо доданд.
Зикр гардид, ки маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон суботи сиёсӣ ба амал омад ва Тоҷикистон тайи солҳои Истиқлоли давлатӣ ба пешрафтҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ ноил гардид.
Раиси ноҳия ҳамчунин сокинону кишоварзонро барои рушд додани соҳаи пахтакорӣ ва иҷрои нақшаи кишти картошкаи барвақтӣ бо истифода аз тухмиҳои хушсифат бо риояи ҳамаи талаботҳои агротехникаи кишоварзӣ ва дар ин замина гирифтани ҳосили баланд таъкид карданд.
Раиси ноҳия барои вусъат додани корҳои ободониву сабзкорӣ, ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаю канори деҳа, мумфаршкунии кӯчаҳои маҳаллӣ, сохтмони мактубу кӯдакистонҳо барои дар сатҳи баланд омӯзонидани ҷавонону наврасон ва тарбияи онҳо бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, сохтмони марказҳои хизматрасонии маиши барои аҳоли ҳидоят намудаанд.
Таъкид карданд, ки дар самти баланд бардоштани амнияти озуқавории кишвар таъмин намудани бозорҳои истеъмоли бо маҳсулотҳои тару тозаи кишоварзӣ бояд ҳар як сокини худогоҳу ватандӯсти кишвар дар якҷоягӣ бо хизматчиёни давлатӣ талош варзанд ва барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум саҳмгузор бошанд.
Инчунин, Раиси ноҳия оид ба ҷалби фарзандону ҷавонон ба азхудкунии илму ҳанар, омӯзиши технологияи компютерӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуда, таъкид карданд, ки барои пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ва риояи талаботи қонунҳо дар маддаи назари аввали ҳар як падару модар бошад.
Боварӣ дорам, ки мардуми ватандӯсту сарбаланд ва заҳматқарини ноҳияи Ҷаббор Расулов минбаъд низ, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ дар бари Пешвои маҳбуби худ истодагари карда, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ва Ватани аҷдодиамон саҳми арзишманд мегузоранд.
